расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИХРОҶ ВА 40 СОЛ ЗАПРЕТ! ИХРОҶИ 400 МУҲОҶИР АЗ МАСКАВ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЗАНОЗАНИҲО

Ҷомеа / Муҳоҷир

ИХРОҶ ВА 40 СОЛ ЗАПРЕТ! ИХРОҶИ 400 МУҲОҶИР АЗ МАСКАВ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЗАНОЗАНИҲО

Татяна Дмитриева, намояндаи бахши муҳоҷирати пулиси шаҳри Маскав дар як нишасти бахши да Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон гуфт, ҳудуди 400 муҳоҷирро барои иштирок дар занозаниҳо ва қонуншиканиҳои дигар дар Маскав барои 40 сол аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум кардаанд.
Ин марбут ба рафтори номуносиби муҳоҷирон буд – занозаниҳо ва дигар чорабиниҳои ғайриқонунӣ. Танҳо дар Маскав нисбат ба тақрибан 400 нафар барои иштирок дар чунин чорабиниҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуданд. Онҳоро ихроҷ карда, барои 40 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд. Амалан онҳо дигар ҳеҷ гоҳ ба Русия омада наметавонанд “, – нақли қавл кардааст хабаргузории ТАСС аз суханронии Дмитриева.
ВКД Русия тобистони соли ҷорӣ дар пайи як силсила занозаниҳои гуруҳии байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳушдор дод, ки минбаъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо, бераҳмона аз Русия ихроҷ хоҳанд кард. Танҳо баъди занозании моҳи июл байни зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” дар Маскав наздики 100 муҳоҷирро ихроҷ карданд. Беш аз 70 нафари онҳо аз Қирғизистон буданд.
Татяна Дмитриева дар нишасти бахшида ба Рӯзи муҳоҷирон ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Маскав 1 миллиону 33 ҳазор муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд, ки ин назар ба соли гузашта 30% бештар, вале дар муқоиса бо 3 ё 4 соли пеш хеле камтар аст. Хонум Дмитриева афзуд, ки “82% муҳоҷирон барои мардикорӣ ба Маскав меоянд.” Ба гуфтаи ӯ, нерӯи корӣ ба пойтахти Русия асосан аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон меояд.
Дар умум, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар Русия 9,2 миллион нафар худро дар идораҳои муҳоҷират сабти ном кардаанд. Як сол пеш шумораи онҳо 7,5 миллион нафар, яъне 20% камтар будааст. Бино ба омори ВКД Русия, дар 9 моҳи соли 2021 дар ин кишвар ба муҳоҷирони корӣ 1,6 миллион патент фурӯхтаанд.Ин назар ба як соли пеш 2 маротиба бештар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.