расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФАХРИДДИН ҲАКИМОВ БА ФИНАЛИ ОЗМУНИ ТВ БЕЛАРУС РОҲ ЁФТ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Муҳоҷир

ФАХРИДДИН ҲАКИМОВ БА ФИНАЛИ ОЗМУНИ ТВ БЕЛАРУС РОҲ ЁФТ (ВИДЕО)

Овозхони ҷавони 29-солаи тоҷик Фахриддин Ҳакимов ба марҳалаи ниҳоӣ, яъне финали озмуни Х-Фактор Беларусь, ки шабакаи аввали ТВ Беларус доир мекунад, роҳ ёфт. Рӯзҳои наздик дигар овоздиҳии мухлисон сар мешавад ва мухлисони Фахриддин метавонанд ба ӯ кумак кунанд.
Овозхони шинохта Серёга (Сергей Пархоменко), ки Фахриддин  Ҳакимов дар марҳалаи ниҳоии озмун дар тими ӯ ҳунарнамоӣ хоҳад кард, овозхони тоҷикро “бозёфти асили озмуни ХФактор Беларусь” номид ва гуфт, Фахриддин “овозхони барҷаставу олӣ ва инсонест, ки шикасту рехтро намедонад.”
Худи Фахриддин дар Фейсбукаш бо изҳори хушҳолӣ аз роҳ ёфтанаш ба финал ва ба тими Серёга ба ҳамаи мухлисонаш изҳори сипос кард: “Ман ба финал баромадам. Дар тими Серёга ҳунарнамоӣ мекунам. Сипоси фаровон ба ҳама! Ба зудӣ овоздиҳӣ оғоз мешавад ва ман ба пуштибонии қавии шумо эҳтиёҷ хоҳам дошт. Ман мутмаинам, ки мухлисони ман аз ҳама беҳтаринанд.!
Фахриддин Ҳакимов дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадаву дар ҳамин ҷо ба воя расидааст ва баъди хатми мактаби №2 ба Маскав кӯчидааст.
Дар кӯдаки ӯ ба футбол ва гуштини юнонию румӣ машғул буд ва орзу дошт, ки чемпиони олимпӣ шавад. Вале тавре худи Фахриддин нақл карда буд, зарурати таъмини оила маҷбураш кард, ки орзуи чемпионшавиро як тараф гузошта, дар ҷустуҷӯи кор биафтад.
Фахриддин бо худ як села медалҳои дар мусобиқаҳоти гуногун ба даст овардаашро низ ба ин озмун ҳамроҳ оварда буд ва намоиш дод. Ӯ ба муҷрии барнома ҳамчунин то чӣ андоза устоди гуштин буданашро намоиш дод ва барандаро бо як ҳилаи моҳиронаи гуштингирӣ тоб дода, ба осмон бардошт.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.