расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕОИ НАВИ АҲМАДИ МАСЪУД

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕОИ НАВИ АҲМАДИ МАСЪУД

Дар Интернет аз ҷониби тарафдорони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) як видеои нави Аҳмади Масъуд, раҳбари ин ҷабҳаи зидди Толибон нашр шудааст. Ин аввалин далели зуҳури Аҳмади Масъуд дар маҳзари ом дар тақрибан ду моҳи охир аст, ки расонаӣ мешавад. Бори охир ӯ рӯзи 4 сентябр дар як нишаст бо иштироки шахсиятҳои бонуфузи Панҷшер суханронӣ карда буд, вале баъди тасарруфи ин вилоят аз сӯи Толибон ба ҷуз аз  нашри чанд баёнияи садоӣ ё катбӣ дигар аз худ дар маҳзари ом дарак надода буд.
Дар видеои нав, ки ҳамагӣ 71 сония аст ва шабона сабт шудааст, Аҳмади Масъуд дар ҷамъе аз мардум суханронӣ мекунад ва аз фидокориҳои мардумаш ситоиш мекунад.
Кай ва дар куҷо сабт шудани ин видео маълум нест.
 Кабир Васиқ, собиқ муовини волии вилояти Панҷшер рӯзи 1 ноябр дар суҳбат бо хабаргузории русии ТАСС  хабар дода буд, ки раҳбари ин ҷабҳа Аҳмади Масъуд дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад ва талош дорад, то пуштибонии кишварҳои мухталифро барои мубориза бо режими нави Толибон ба даст биорад.  Сарусадоҳо дар бораи дар Тоҷикистон қарор доштани Аҳмади Масъуд қариб ду моҳ боз мечархид, вале Кабир Васиқ аввалин намояндаи ҶММА буд, ки ин хабарро тасдиқ кард.
Ба дунбол, намояндагони ҶММА як муддат дар Тоҷикистон қарор доштани Аҳмади Масъудро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки ӯ ҳамон рӯзи 1 ноябр ба Панҷшер баргаштааст.
Видеои нави Аҳмади Масъуд зоҳиран барои он нашр шудааст, ки сарусадоҳо дар бораи тарки Афғонистон кардани ӯро хомӯш бисозад.
Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд.
Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст.
Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.
Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа ва бозигарони бузурги байналмилалӣ, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.
Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Ахиран Толибон  Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”.
Як намояндаи Толибон ҳатто таҳдид кард, ки “агар ҷомиаи байналмилалӣ дахолат накунад, мо Тоҷикистонро дар 24 соат тасарруф хоҳем кард.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.