расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хиёнат? Зулайхо Маҳмадшоева сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро гуфт

. / Ҷомеа

Хиёнат? Зулайхо Маҳмадшоева сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро гуфт

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавону номдори тоҷик дар саҳифааш дар "Instagram" бо нашри аксе бо ҳамвандонаш суҳбат кард.
Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки таваҷҷуҳи мухлисони сарояндаро ҷалб кардааст, хонадор будан ё набудани ӯ будааст.
Сароянда дар посух ба суоли мухлисонаш гуфтааст, ки "ҳамсар надорад ва танҳоӣ акнун барояш одат шудааст".
Дар идомаи суҳбат аз Зулайхо сабаби ҷудо шудан аз ҳамсарашро пурсидаанд.
"Шавҳар доштам, хиёнат накарда буд, аммо корҳое кард, ки бахшиданаш номумкин буд, барои ҳамин ҷудо шудем", - шарҳ дод Зулайхо.
Ин сарояндаи ҷавон дар сурудҳояш борҳо дар бораи хиёнату номардии мардон сароидааст. Ӯ ҳатто номи албоми охирашро "Намебахшам" унвон гузошт.
Сароянда ҳамчунин сирри муваффақ будани худро низ ифшо кард. Ба гуфтаи Зулайхо, барои машҳур шудан заҳмат кашидан лозим аст. Дар баробари ин бовар дорад, ки орзуҳои бузургаш ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонданд.
"Агар бигӯед, ба он кӯдаки дар чашими одамон назарногир чӣ кумак кард, мегӯям, аввал Худо ва баъдан орзуҳои зебоям", - гуфта буд Зулайхо Маҳмадшоева.
Ногуфта намонад, ки Зулайхо Маҳмадшоева дар оғози фаъолияти ҳунарияш аз Манижа пайравӣ мекард. Ва ҳатт
"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам, иҷро мекунам", - гуфта буд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева.
Зулайхо Маҳмадшоева 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, дар оила фарзанди бузург мебошад. Ӯ инчунин се додар ва хоҳар низ дорад.
Сароянда модари ду писар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.