расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир

. / Ҷомеа

Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир


Духтари Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар Instagram дар рӯзи зодрӯзи модараш навори нодиреро аз даврони кӯдакиаш нашр кардааст.
Дар наворе, ки духтари ситораи санъати тоҷик нашр кардааст, дида мешавад, ки Шабнам дар замони кӯдакӣ (тақрибан 13 - солагӣ) дар чорабиние рақс мекунад. Ин навор соли 1994 сабт шудааст, вале маълум нест, ки Шабнам дар чӣ гуна чорабиние чарх мезанад.
Шабнам дар тан пироҳани ранги зард дорад ва дар сараш тоқии ҳамранг мондааст.
Мӯйҳои ӯ кокул бофта шудааст.
Дар пасманзари ин навор садои зебое дар васфи модар суруд зам-зама мекунад. Эҳтимолан ин садои духтари Шабнами Сурайё - Шарифамоҳ аст, ки ба хотири рӯзи зодрӯзи модараш суруди "Мама - ты мой рай" - ро сароидааст.

Дар шаҳри ин навор Шарифамоҳ модарашро бо 40 - солагиаш муборакбод гуфта, ӯро зани қавииродаву меҳрубон, хоксор ва дӯсти ҷонӣ хондааст.
"Модар ягона шахсе аст, ки моро танҳо барои буданамон, дӯст медорад. Ва модари ман беҳтарини ҷаҳон аст. Ӯ дӯсти беҳтарин ва вафодори ман аст", - навиштааст Шарифамоҳ.

Шабнам низ ин наворро дар саҳифааш ҷо додааст ва духтарашро "дунёи ширини модар, номуси модар ва баракати зиндагии худ" хондааст.
Рӯзи 14 октябр ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё 40 - сола шуд.
Ҳунармандм мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2021
29 сентябри, 19:00
2690

Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз номдортарин санъаткорони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки миёни халқи форсизабони дунё машҳур аст.
Ӯ аслан бо бозхонии сурудҳои модараш приммадонаи санъати тоҷик Сурайё Қосимова роҳи санъатро пеша карду бо бозхонии сурудҳои дигар сарояндагон машҳур шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.