БИЗАН ДУТОРА… ТАРОНАИ НАВИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР 18 РӮЗ ЯК МИЛЛИОН ТАМОШОБИН ҶАМЪ КАРДААСТ (ВИДЕО)
Ситораи шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар канали расмиаш дар Ютуб таронаи худро бо номи “Бизан дутора” нашр кардааст. Ин таронаро, бо вуҷуди он ки дар формати МП3, яъне танҳо садо сабт шудаасту клип надорад ва танҳо бо ду акси Шабнам зиннат дода шудааст, дар байни 18 рӯз алакай беш аз як миллион нафар тамошо кардаанд ва суръати баланд шуданаш ба зинаҳои маъруфият баёнгари он аст, ки “Бизан дутора” бо оҳанги шӯх, навои дутор ва матни сабукаш метавонад ба яке аз таронаҳои пуртамошобини Шабнами Сурайё табдил ёбад.Бо як шӯру шарора.
Шакар дар лаби ҷонон
Чӣ ширин мазза дора.
Мефорат, намефора,
Чашми нам шӯрӣ дора.
Ишқи бачаи сармаст
Ба Шабнам зӯрӣ дора.
Биё,бизан дутора,
Дутори кокулдора.
Шояд нағмаи дутор
Сирри дилма бурора.
Тавре ба назар мерасад, Шабнами Сурайё дар таронаҳои ахираш ба сабки аввалаи худ бармегардад. Шабнам дар аввали солҳои 2000 бо ҳамин сабки наздик ба таронаҳои халқӣ вориди саҳнаи эстрада шуда буд.
Се моҳ пеш ӯ таронаеро бо номи “Романтикӣ” низ дар ҳавои оҳанги мардумӣ ва дар сабки давраи ҷавониаш, ки он вақт ӯ бештар таронаҳои халқиро месароид, иҷро карда буд. Ин таронаро дар канали Шабнам дар Ютуб якуним миллион нафар тамошо кардаанд.