расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУЗДИЮ АЛКАШӢ ДАР БАЙНИ ЗАНҲО МУД МЕШАВАД?

. / Ҷомеа

ДУЗДИЮ АЛКАШӢ ДАР БАЙНИ ЗАНҲО МУД МЕШАВАД?

Вақтҳои охир дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва ҳатто дар баъзе навоҳии гирду атроф занҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки шароб нӯшида, масту аласт мегарданд. Банда чанд маротиба бо чашми худ занонеро дидаам, ки дар тан либоси миллӣ ва дар сар рӯймол дошта бошанд ҳам, шарму ҳаёро фармӯш карда, масту аласт дар кӯчаҳо дар хоку лой ҷӯлида мехобиданд. Як нисфирӯзӣ ба хӯрокхӯрӣ рафта истода чашмамон ба як зани тахминан 40-сола афтид, ки дар танаш куртаи тоҷикию поҷома дошт ва дар канори роҳ мурда барин хобида буд. Эҳтимол зани бечора ягон беморӣ дошта бошад ё аз ҳуш рафтааст гӯён, домони болояшро поён карда, ӯро ба беморхона бурдан хостем, вале “подоши некӣ -бадӣ” гуфтагӣ барин, он хонуми алкаш ба шӯр омада, борони дашному ҳақоратҳои болохонадорро ба сарамон рехт. “Равен гум шавен аз назурум падарлаънато, ҳозир очаи ҳаматона........” кӯчаро ба сараш бардошта, бо тамоми овоз мисли хар ҳангос мезад зани масту аласт. Ҳанӯз аз ин моҷаро як ҳафта нагузашта бо як зани дигари майзада дучор гаштам, ки бо сару либоси пур аз лой калавида-калавида дар байни роҳ ин сӯву он сӯ мерафт ва бо ин рафтори бадмастонааш ба ҳаракати мошинҳо халал мерасонд. Чанд ронанда шишаи мошини худро поин карда, занро огоҳ намуданд, ки эҳтиёт шавад, то ки дар зери чархи ягон мошин намонад. Хонуми бадмаст дар ҷавоб ба мисли хурӯси ҷангӣ ҷеғ зада, ронандагонро ҳақоратҳои қабеҳ медод ва чунон ҳарфҳоро ба забон меовард, ки... Падидаи дигари номатбуле, ки вақтҳои охир дар байни занҳо зиёд ба назар мерасад, ин даст ба одамкушӣ, дуздӣ ва авбошӣ барин амалҳои ношиста задани хонумҳост. Зани тоҷик бо одоби ҳамида ва дасту дили покаш шӯҳраи олам гашта буд, вале имрӯз хонумҳои бехирад ва беандешае пайдо мешаванд, ки даст ба одамкушӣ ва ғорати молу амволи дигарон зада, бо ин рафтори ношоистаи худ ба номи неки зани тоҷик иснод меоранд. Танҳо дар як ҳафтаи охир кормандони моқомоти милитсия чанд занро бо иттиҳоми қаллобӣ ва дуздию ғоратгарӣ дастгир намуданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти чорбоғи ноҳияи Варзоб ба гумони дуздӣ хабар додааст. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад, зан дар пайи шикояти як сокини деҳаи Чорбоғ дар бораи ба яғмо рафтани маблағи пасандоз кардаашон аз сандуқи оҳании хонааш боздошт шуда, дар дуздии 400 доллари амрикоӣ гумонбар дониста мешавад. Бо иттиҳоми дуздӣ боз як зани дигари тоҷик, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, дастгир шудааст. Ин зани беандеша, ки умраш қариб ба домони 40 дакка хӯрдааст, шарму ҳаё ва адлу инсофу одамгариро фаромӯш намуда, аз манзили як сокини деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдаки 6200 сомониро дуздидааст. Шумо сабаби даст ба майзадагӣ, одамкушӣ, авбошӣ ва дуздию ғоратгарӣ барин амалҳои ношоиста задани занону духтарони тоҷикро дар чӣ мебинед? Шарҳи худро дар поёни мавод нависед! подробнее тдж: https://oila.tj/news/duzdiyu-alkash-dar-bayni-zano-mud-meshavad  

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.