расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ба дарахтони қадди роҳ дар Бохтар чакану атлас "пӯшондаанд". АКС, ВИДЕО

. / Ҷомеа

Ба дарахтони қадди роҳ дар Бохтар чакану атлас "пӯшондаанд". АКС, ВИДЕО


Мақомоти маҳаллӣ то ҳанӯз сабаби рафтори худро шарҳ надодаанд, вале зоҳиран ин як бахши омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва ҳамзамон сафари раиси ҷумҳурӣ ба минтақа аст.
Як ёвари президент ба "Азия-Плюс" гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба Хатлон меравад ва онро сафари корӣ номидааст, на сафари ҷашнӣ.
Атласу чаканро, ки ҳамчун либоси миллӣ эътироф шудаанд, асосан бонувон дар айёми баҳор ба бар мекунанд. Ҳоло нархи миёнаи як метр атлас дар бозорҳои Тоҷикистон тақрибан 50 сомонӣ аст.
Пешвози мансабдорон дар минтақаҳои Тоҷикистон сол ба сол ба як маъракаи пурхарҷ ва пурташвиш табдил меёбад.
Мунтақидон чунин пешвозгириҳои бодабдабаро навъе аз шахспарастӣ медонанд, аммо мақомоти сатҳи олӣ онро кори мансабдорони маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ кори ихтиёрӣ ва ё самимияти мардум медонанд.
Аксҳо дар инҷост:
https://www.ozodi.org/a/31157863.html​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.