расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Будубош дар "сартарошхона". Рӯзгори сахти Зӯҳро Бобоёрова, зани танҳое дар Кӯлоб.

. / Ҷомеа

Будубош дар "сартарошхона". Рӯзгори сахти Зӯҳро Бобоёрова, зани танҳое дар Кӯлоб.

Зӯҳро Бобоёрова мегӯяд, солҳо боз макони зист надорад
Кулбаи оҳание бо навиштаи "Сартарашхона" дар шаҳри Кӯлоб манзили як зани танҳо аст, аммо ба ҷуз аз маҳкам будани гирду атрофаш на барқ дорад, на оби ошомиданӣ. Танҳо барои шабро рӯз кардан ва аз боду газанд наҷот ёфтани Зӯҳро Бобоёрова аст.
Зӯҳро Бобоёроваи 56-сола бо хонаи оҳаниву сайёраш бисёре аз маҳаллаҳои шаҳрро гаштааст, вале ҳар куҷо рафтааст, ӯро рондаанд. Ним сол боз дар замине ҷой гирифтааст, ки он ҳам соҳиб дорад.
Муҳайё Тешаева, соҳиби замин, мегӯяд, "панҷ ё шаш моҳ пеш ба инҷо омада, вагонашро мондааст. Ду моҳ қабл огоҳ шудам. Пештар дар истгоҳҳо зиндагӣ мекард. Ин макон аз бародарам аст. Иҷозат додам, ки ҳамин ҷо бимонад, вале гуфтам, кадом вақте бародарам аз Русия омад ва хонаашро сохт, Шумо мехезед."
Зӯҳро Бобоёрова ҳам аз саргардонӣ хаста шудааст. Ин хонаи оҳаниро як сол пеш ба ӯ туҳфа карданд. То гирифтани ин хонаи равон ӯ дар истгоҳу паскӯчаҳо зиндагӣ мекард. Дар кулбаи сайёр низ ҳолаш хуб нест.
"Як моҳ шуд, ки ҳаммом накардаам. Намедонам, соҳиби замин кай меояд ва агар иҷозат медод, як ҳаммом месохтам. Намедонам, агар биояд, чӣ мешавад", -- гуфт ӯ.


Ҳоло Зӯҳро Бобоёрова дар ҳоҷатхонаи бозори "Сомонӣ"-и шаҳри Кӯлоб кор мекунад. Дар рӯзҳои сард ба кулбаи оҳанияш намеравад. Як гӯшаи ташнобро ҷойи хоб мекунад, аммо хиҷолат мекашад, то нишон диҳад, ки ҷойи хобаш дар рӯзҳои сард куҷост.
Аз ин ҷойи кораш серӯза пулашро ба соҳибони бозор медиҳад. Як рӯзи пули корашро худаш мегирад. Пуле, ки рӯзе ба даст меояд, рӯзе не.
Ӯ гуфт: "Дар як рӯз то 20 сомонӣ кор мекунам. Агар одам биояд, пул кор карда мешавад. Он қадар одам нест. Аз саҳар шаш сомонӣ кор кардам. Танҳо барои сер кардани шикам мешавад, тамом. Дар ҳамин дунё ҳеч чиз надидам."
Қиссаи зиндагии Зӯҳро Бобоёрова пурпечутоб аст. Дар 40-рӯзагии ӯ модару падараш аз ҳам ҷудо шуда, дар дасти падар мондааст. Як хоҳар дорад, ки ӯ низ ҳамроҳи падар бузург шудааст, аммо ҳоло ҳар кас аз пайи зиндагии худ аст.
Соли 1980 Зӯҳро дар 16-солагӣ ҳамсари як сокини Фархор шуд, то дигар сарбории падар набошад. Дар даҳ соли зиндагии якҷоя фарзанд надид ва хонавода аз ҳам пошид. Аз он вақт ӯ дарбадар шуд ва оби чашмаш равон.
Ӯ мегӯяд, дар умраш кумаке аз давлат дарёфт накард. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ёриҳои башардӯстона мефиристанд, то афроде ба мисли ӯ ҳоли беҳтаре дошта бошанд. Баръакс, сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, шахсони ба мисли Зӯҳро Бобоёрова то рафт бештар мешаванд.






Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.