расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишуда ба сохтмони беморхона дар Данғара равона шуд

. / Ҷомеа

8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишуда ба сохтмони беморхона дар Данғара равона шуд

Барои сохтмони дигар иншооти бемаблағмонда аз буҷети ҷумҳуриявӣ пул гирифтанианд.

Абдувоҳид Саъдуллозода
Сурат: аз Сайраҳмон Назриев
Барои анҷоми сохтмони беморхонаи сироятӣ дар Данғара 8 млн сомонӣ равона шуд, ки барои бунёди дигар ишоот пешбинӣ гардида буданд.
Сардори Сарраёсати сохтмони вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода зимни нишасти хабарии 10 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони беморхонаи сироятӣ барои 80 кат дар Данғара идома дорад.
“Лекин бо сабаби пандемияи COVID-19 сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дастур дод, ки лоиҳа бозбинӣ ва шумори катҳо то 200 адад зиёд шавад, - гуфт ӯ. - Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, ки 8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишударо ба сохтмони ин беморхона равона созем”.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки нақшаи нави молиявии иншоотеро, ки маблағгузориашон қатъ шуд, ба Вазорати молия фиристодаанд.
“Нақшаи нави маблағгузории иншооти мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод фиристода, умедворем, ки аз ҳисоби буҷети марказӣ маблағгузорӣ таъмин шуда, ба бунёди иншоотҳо идома медиҳем”, - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, Саъдуллозода дар бораи маҳз ба кадом иншоот қатъ шудани маблағгузорӣ ва фиристодани он ба сохтмони беморхона маълумот надод.
Зимнан зикр шуд, ки соли 2020 барои сохтмони иншооти давлатӣ 12,5 млн сомонӣ маблағ равона шуд.
“Ҳамчунин бо қарори раиси вилоят иловагӣ 2 млн сомонӣ ҷудо гардида, ҳамагӣ 14,5 млн сомонӣ маблағҳо азхуд шуд”, - қайд кард номбурда.
Ба гуфтаи Саъдуллозода, то ҷашни Наврӯз ба истифода додани 4 иншоот, аз ҷумла беморхонаи сироятӣ дар Данғара, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Хуросон, қисмате аз бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ ва маркази бемориҳои дил дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.