расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Маросими видоъ бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов

. / Ҷомеа

Маросими видоъ бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов

Актёр ва коргардони саршиноси тоҷик дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.


Дар Душанбе маросими видоъ бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, актёр ва коргардони саршиноси тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов баргузор шуд. Ӯ рӯзи 19 январ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Пас аз нисфирӯзӣ назди хонаи ҳунарманд садҳо нафар ҷамъ омаданд, то ки хотираи ӯро посу гиромӣ доранд.
Миёни ҷамъомадагон ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини вазири фарҳанг Обид Одилзода, роҳбарону ҳунармандони театр, дӯстону шогирдон ва мухлисони Ҳабибулло Абдураззоқов ҳузур доштанд.
Пас аз маросими ҷаноза дар масҷиди “Сари Осиё” ҷасади Ҳабибулло Абдураззоқов дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супурда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.