расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОҚОВ, ЯКЕ АЗ ОХИРИН СИТОРАҲОИ ТЕАТР ВА СИНАМОИ ТОҶИКИ ДАВРОНИ ШӮРАВӢ

. / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ ҲАБИБУЛЛО АБДУРАЗЗОҚОВ, ЯКЕ АЗ ОХИРИН СИТОРАҲОИ ТЕАТР ВА СИНАМОИ ТОҶИКИ ДАВРОНИ ШӮРАВӢ

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, баъд аз чанд соли беморӣ рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора писари ӯ Шаҳбоз Абдураззоқов дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ хабар дод. Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов падари коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов мебошад.
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов чанд соли ахир бемор буд ва рӯи пардаи синамо ва театр зоҳир намешуд. Вай чор сол қабл дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вақти худро бештар дар хона, бо мутолиаи китобу тамошои Душанбеи нав аз тирезаи айвони хонааш сипарӣ мекунад ва ёддоштҳояшор рӯ сафҳа меорад.
Муваффақтарин нақши офаридааш дар синамо - Бадриддини филми “Марги судхӯр” буд, ки сарнавишти як марди мазлумро дар аҳди аморати Бухоро тасвир мекунад. Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бо ин, ки дар беш аз 30 филми сохтаи даврони шӯравӣ ва ҳам баъди истиқлолияти Тоҷикистон нақш бозӣ кардааст, ин нақш барояш ҳоло бештар аз ҳар кори дигараш арзишманду азиз аст.
Охири солҳои 1980 ва оғози 1990-ум Ҳабибулло Абдураззоқов аз он фарҳангиёне буд, ки ба фаъолиятҳои сиёсию ҷамъиятӣ пардохт, узви ҳизби демократӣ шуд ва як муборизи ҷомеаи маданиву шаҳрвандӣ гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.