расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ФОҶИАИ МАЗҲАКАВИИ БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ

. / Сиёсат

ФОҶИАИ МАЗҲАКАВИИ БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ


Саломиддин Мирзораҳматов
ФОҶИАИ МАЗҲАКАВИИ БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ
(Коргардони театр ба ҷои актёр нақши вакили дифоъро дар саҳна бозид)
ПЕШГУФТОР
Сабти аудиоии гуфтугӯи Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамсари махфиаш (ё маъшуқаш) дар саҳифаи ФБ Додоҷон Атовуллоев интернетро тарконид. Ва ҳатто дар байни афроди вафодори саркардаи лухтакмонанди "мухолифини исломӣ" нафратро барангехт.
То имрӯз 31000 тан онро тамошо ва 434 нафар ба дигарон ирсол кардаанд. Ва ин танҳо дар саҳифаи Додоҷон. Ҳисоби он, ки чӣ қадар одамон онро ба дигарон ирсол намудаанд, душвор аст.
Оромона гӯш кардани гуфтугӯи ҳайвони одамшакл бо зан ғайри имкон аст.
«Мочахар!!»
«Қанчуқ!»
«Бӯгин!»
«Падарлаънат, бар падарат лаънат!»
Тамоми Тоҷикистони равшанфикр имрӯз ба рӯи Кабирӣ туф мекунад! Ҳатто тоҷикони мутадаин ва мӯътақиди арзишҳои исломӣ аз атрофаш, ки соддалавҳона бар ин бовар буданд, ки Муҳиддин на танҳо пешвои сиёсӣ, балки пешвои рӯҳонӣ низ ҳаст, аз ин маъюс шудаанд.
Суҳбати телефонӣ бо ин зан ниқобро аз рӯи "пешво" барканд. Дарвоқеъ, Мулло Муҳиддин типи ахлоқан фосид - бераҳм ва беҳаё аст. Дар ниҳоди ӯ ягон чизи муқаддас вуҷуд надорад! Зан барои ӯ танҳо чиз, моли сермасраф аст! Пойафзол, ки кӯҳна шуд, мепартояд ва пойафзоли нав мехарад. Костюми аз мӯд баромадаро бо костюми мӯди нав иваз мекунад.
Кабирӣ шокӣ шудааст! Вай на танҳо афсурдаҳол, балки маҷақ шудааст! Ҳама мубаллиғони зархаридаш даступоча шудаанд! Дар ин дам Темур Кличев-Варқа ба кумаки ӯ шитобид. Маҳз ӯ ба Мухиддин идеяи ба кор қабул кардани Барзу Абдураззоқовро ба сифати вакили дифоъ пешниҳод намуда буд. Ӯ ку худӣ аст!
Фарқ надорад, ки ӯ забони тоҷикиро намедонад! Аммо забони русиаш хеле хуб аст! Бигзор ба забони русӣ бинависад!
Ва Барзу хиҷолат накашида даст ба кор шуд. Хайр, занро таҳқиру тавҳин кардааст! Ин кори шахсии ӯст! - ин аст мундариҷаи умумии мақолаи «саркӯбкунандаи» Барзу алайҳи Атовуллоев. Дар ин мақола Барзу симои худро низ тасвир кардааст - ҳамин хел нокас, мисли шахси зерҳимояаш.
ДАР БОРАИ МУНОЗИРАИ АТОВУЛЛОЕВ ВА КАБИРӢ ДАР
РАДИОИ АМРИКО
«Қаҳрамони мо (яъне Атовуллоев - С.М.) баҳси усулиро бо Кабирӣ, мухолифи деринаи режим, комилан бохт». (Барзу)
Аммо дар асл ҳолати кор баръакс аст! Кабирӣ натавонист, ки ақалан ба як саволи Атовуллоев посухи возеҳ бидиҳад ва шармандавор студияи Радиои Амрикоро тарк кард. Ва баъдан дар ҳалқаи атрофиёни наздикаш иқрор шуд, ки баҳс бо Атовуллоев ин иштибоҳи ӯст.
Додоҷон бори дигар иртиботи чандинсолаи Кабириро бо хадамоти махсуси Эрон ифшо кард.
Дар ин мунозира тамошобинон Кабириро ҳамчун шахси дорои тафаккури ибтидоӣ шинохтанд. Худ қазоват кунед. Ба назари Кабирӣ, дар интихоботи президентӣ дар Беларус таббох Тихановская пирӯз шудааст. Ӯ тӯтивор ба сиёсатмадорони аврупоӣ ин матлабро батакрор арз мекунад, то ин ки сукунаташ дар Аврупо шубҳаангез нагардад.
Ва дар Қирғизистон бошад дар як шаб инқилоб сурат гирифт ва президент истеъфо дод! Аммо дар Тоҷикистон хомӯшӣ ҳукмфармост! Ин тоҷикон чӣ гуна мардуманд?! Дар хобанд ва бедор намешаванд! Бедор шавед! Аз хоби гарон хез! (Ин шиорро баҳори соли 1992 дар майдони Шаҳидон дар хотир доред?) Ба хиёбонҳои Душанбе сарозер шавед! Бо нидоҳои "Аллоҳу акбар!" ба қасри президент ҳуҷум кунед! Ҳар касеро, ки дар он ҷо дидед, бикушед! Пас ин қасрро оташ бизанед!
Ва мутмаин бошед! Вақте ки беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ дар ҷумҳурӣ ҳоким шуд, Оятулло Кабирӣ ҳамроҳи Мулло Барзу ибни Абдулраззоқ, вазири ояндаи фарҳанг, тавассути ҳавопаймои махсус вориди Душанбе хоҳанд шуд!
Кабирӣ ва хоҷагонаш дар андешаи ана ҳамин гуна инқилоби даҳшатноки шабона мебошанд! Кабирӣ хуб дарк мекунад, ки танҳо савори мавҷи терроризму зӯроварӣ ва бо дастгирии молӣ ва агар лозим ояд, инчунин мусаллаҳонаи хоҷагонаш метавонад қудратро ғасб намояд.
БАРЗУ: "КАБИРӢ РАҚИБИ СОБИҚАДОРИ РЕЖИМ"
Барзу! Ман боре навишта будам, ки ту кунд зеҳн ҳастӣ! Чунки ту бо зеҳни кунд ба сиёсате ворид мешавӣ, ки онро дарк намекунӣ! Ту кундзеҳнӣ, дарк намекунӣ, ки Кабирӣ аз номи ту барои сохтани чеҳраи худ истифода мекунад!
Мухолифи (оппоненти) собиқадори режим - Хадамоти махсуси Эрон! Ва Кабирӣ лӯхтаки дасти онҳост! Агар ҳамин рӯз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ маблағгузории Кабириро қатъ кунад, фардо "Мухолифини исломии демократӣ" -и ӯ дар Аврупо мисли хонаи хасин фурӯ хоҳад рафт! Ва ҷойгоҳи ҳамаи думравони ӯ партовгоҳи ахлот хоҳад шуд!
Додоҷон не, балки зерҳимояи ту - собиқ агенти АД (истилоҳи ту!) мебошад. Вай чун "бачаяки гапгир" ду маротиба вакили парлумон таъин шуд! Агар ту мулоқоти нахустини худро бо вакили таъиншуда Кабирӣ ҳамроҳи хабарнигори рӯзномаи "Имрӯз нюс" фаромӯш карда бошӣ, ман ба ёдат меорам. Пас аз сӯҳбат бо ӯ ту бо хашм гуфта будӣ: лаънат ба халқе, ки мисли Кабирӣ чунин сиёсатмадори мухолиф дорад!
Қабл аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015, раиси ҳизби "мухолифи" исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳамзамон мудири ғайриштатии шӯъбаи кор бо ташкилотҳои динии дастгоҳи президент буд. Вай мунтазам дар бораи вазъи ҳизбе, ки ӯ роҳбараш буд, рӯҳияи аъзоёни ҳизбаш, дараҷаи хатарнокии ҳар яки онҳо ба КДАМ гузориш медод. Ва пас аз додани гузориши махфии навбатӣ дар бораи ҳаммаслакони худ, ӯ оромона, гӯё ки чизе нагузашта бошад, масъалаҳои ҷорӣ, тактика ва стратегияи ҳизбро ҳамроҳи онҳо муҳокима мекард.
Бовар намекунӣ? Пас аз зерҳимояи худ саволҳои зеринро бипурс:
1. Қабл аз Тоҷикистонро тарк кардан, Кабирӣ, бо иқрори худаш, бо Саймумин Ятимов суҳбати чаҳорсоата доштааст. Рӯи кадом масоил онҳо гуфтугӯ карда буданд? Ин саволро ман ба Ятимов медиҳам.
2. Ним сол пеш аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 кӣ дар ҳукумат Кабириро гӯшзад кард, ки тиҷорати худро ба хориҷи Тоҷикистон интиқол диҳад? Ва на танҳо тиҷорат, балки ҳамаи хешовандони наздику дурашро?
3. Чаро аксари фаъолони ҳизб пушти панҷара рафтанд, аммо Кабирӣ дар озодӣ монд?
4. Чаро Кабирӣ пас аз фирор беш аз як сол хомӯш буд ва ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа рафтуомад дошт ва дар он ҷо гуфтугӯҳои махфӣ анҷом медод? Оё ӯ роҳҳои мусолиҳаро меҷуст ва ё "вазифаи хонагӣ" -и нав мегирифт?
Ту вакили дифоъи кундзеҳну ноқобил ҳастӣ, зеро намефаҳмӣ: то даме ки Додоҷон ҳаст, касе ба ғайр аз ту ба симои дурӯғини доҳиатон Кабирӣ бовар намекунад! Шумо чеҳра месозед, Додоҷон бошад онро маҳв мекунад! Беҳуда Кабирӣ дар яке аз нишастҳо нагуфта буд: душмани мо ҳукумати Тоҷикистон нест, душмани мо Атвуллоев аст!
БАРЗУ: "СССР ИМПЕРИЯИ ЗУЛМ ВА ЗИНДОНИ ҲАЛКҲО БУД"
Барои аз ин ҳам зиёдтар сиёҳ кардани Додоҷон, номи ӯро бо фасод олуда сохтан, Барзу аз луғати дуздон истифода мекунад.
"Симои махав ", касе ки дар маҳбас ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки ба ашёи мамнӯъшуда даст бирасонад". (Оё Барзу худ дар маҳбас будааст?)
"Атовуллоев худро дар ҷумлаи "хабаркашони мақомот", "ҷаззашудагон" ва “сафсатагӯён" сабти ном кардааст.
".... касе, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳояш маҷоли ҳамкориро бо мақомот ба худ медиҳад (?!) маъмулан мардум ӯро ҳайвони шоху ришдор ва малъун - “буз” меноманд".
Ва пас аз ин ӯ барои истифодаи "луғатҳои хоси маҳбасҳои Шӯравӣ" узр пеш меорад: "Афсӯс, мо ҳама тарбиягирифтагони ҳамон империяи зулм, яъне Маҳбаси халқҳо мебошем".
Ҳайрон мешавӣ, ки чӣ тавр Барзу дар он “Маҳбаси умумииттифоқӣ” зинда монд ва коргардони машҳури театр шуд? Дар "маҳбаси"мактаби миёна ба ӯ хондану навиштанро муаллимони рус - "нозирон" омӯхтанд. Сипас ӯ ба Донишкадаи "маҳбаси" санъати Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз хатми он, ӯро ба Москва интиқол медиҳанд - не, на ба Бутирка ва на ба Матросская Тишина, балки ба қадимтарин муассисаи олии Россия ва Шӯравӣ (соли 1878 таъсис ёфтааст) - Институти давлатии санъати театрии Луначарский (ГИТИС).
Вай ба ҳамаи ин сахтиҳо тоб овард ва бо беҳтарин маълумоти олӣ ба Тоҷикистон баргашт.
Вале, пас аз чанд сол Барзу боз бо як "фоҷиа" -и дигар мувоҷеҳ шуд. Ӯро дубора (чӣ даҳшат!) ба Маскав интиқол доданд, ин дафъа ба Мактаби олии коргардонони театрҳо. Аммо дар ин мактаб ӯ "мӯҳлати ҳабси" худро такмил накард. Пас аз се сол, вазири вақти фарҳанг Султон Мирзошоев "шартан пеш аз мӯҳлат" озод кардани Барзуро талаб намуд ва ӯро саррежиссёри театри драмавии Конибодом таъин кард.
Аз он даврае, ки Барзу ду маротиба дар Маркази “ҳабсхонаи халқҳо” маҳбус буд, солиёни бисёр гузашт. “Империяи зулм” дигар вуҷуд надорад. Ва маълум нест, ки Барзу кай гирифтори беморие шудааст, ки номаш “Русбадбинӣ” мебошад. Чанд сол муқаддам ӯро баъди аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово омаданаш, барои кадом саҳве дар шиносномааш боз ба пойтахти Тоҷикистон равона сохтанд. Ва ӯ дарҳол қаҳрамони матлабҳои ВАО-и ғарбпарасти русбадбин шуд: “Коргардонро ба Россия роҳ надоданд! Чунки дар Россия демократия нест! Дар он ҷо ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунанд! Президент Путин бошад золим аст!”.
Ин ҷо чанд сухан дар бораи падари Барзу лозим ба ёдоварист. Дар охири солҳои 50-уми асри гузашта коргардони ба Душанбе омадаи рус дар куча тасодуфан Ҳабибулло Абдураззоқов, донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқро дидааст. Чеҳраи ӯ ба чеҳраи як қаҳрамон дар филми ӯ бисёр мувофиқ будааст. Ин нақшро Ҳабибуллои ҷавон бозидааст! Коргардони рус дарк намудааст, ки дар вуҷуди ин ҷавон истеъдоди фавқулодаи ҳунарпеша ниҳон аст. Ва он мард Ҳабибуллои ҷавонро бо худ ба Москва бурда, барои дохил шуданаш ба Донишкадаи давлатии ҳунари театрӣ мусоидат намуд.
Ҳабибулло Абдураззоқов солҳои 60–80-ум ба машҳуртарин чеҳраи театр ва кинои тоҷик табдил ёфт ва ба унвони олии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид.
Кӣ медонад, шояд русбадбинии Барзу мақсаднок бошад? Зиндагиаш дар собиқ “маҳбаси халқҳо” – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон номуваффақ буд. Мавҷудияти нимгурусна ба дилаш зад. Ӯ ният дорад ба Аврупо равад. Дар он ҷо бошад хитобаҳои зидди Россияро баланд қадр мекунанд. Нафрати ошкоро тавассути матбуот бар зидди таърихи ИҶШС (СССР) қадру қиммати баланд дорад. Мақолаи танқидиаш бар зидди Додоҷон ин аввалин кӯшиши вай барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи Аврупо нест – “ИҶШС кишвари зулм ва маҳбаси халқҳо буд”.
Барзу умед дорад дар Аврупои серу пур мутобиқи нақшаи маълум муқимӣ шавад. Барои ин якчанд мақолаҳои тезу тунди танқидиро ба унвонии ҳукуматдорони Тоҷикистон паҳн намудан лозим аст, пас аз он ба ӯ фишор шурӯъ мешавад: “Бас кун! В-агарна аҳволат бад мешавад!”. Ва ӯ иҷборан ба Авруппо кӯч мебандад. (Кабирӣ ғами ӯро мехӯрад). Ва дар онҷо ӯ аз тариқи интернет беист ҷор хоҳад зад: “Ман фирор кардам! Ҳаёти ман зери хатар буд!”.
Марҳилаи дуюм шурӯъ мегардад, яъне паҳн намудани мақолаҳо бо мақсади таҳқири шахсоне, ки дар ҳукумат вазифаҳои баландмартаба доранд. Афсарони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди душмани ҳалқ парванлаи ҷиноӣ оғоз мекунанд. Ва барои истирдоди ӯ ба Аврупо дархост мефиристанд. Ҳамин тариқ Барзу муфт дисидент мешавад. Тартиби гирифтани мақоми гуреза ба анҷом мерасад.
Қариб ҳамаи онҳое, ки дар Аврупо дар гирди Кабирӣ ҷамъ омадаанд, мақоми гурезаро аз рӯи ҳамин нақша гирифтаанд ва аз қашшоқӣ раҳоӣ ёфтаанд.
Барзу: «Ҳумайрои Бахтиёр – рӯзноманигори олиҷаноб…».
Оре, бешак, олиҷаноб. Охир ӯ аз ҳарами Кабирӣ аст! Ҳанӯз ронданашуда. Ошиқии Кабирӣ бо Ҳумайро дар Душанбе сар шуда буд. Дар Аврупо бошад Ҳумайро барои Кабирӣ расман хоҳар аст. Дар пеши мардум ӯ вайро ҳамин тавр меномад – хоҳарам Ҳумайро. Дар асл бошад вай яке аз занҳои махфии ӯст.
Барзу барои чӣ аз ӯ ёд кард, фаҳмо нест. Дар шарҳу эзоҳи худ ба сабти аудиоӣ номи ягон занро ба забон наоварда буд.
Флешмоб барои Барзу
Соли 2012-ум. Барзу дар Душанбе ба бемории чашм гирифтор шуд. Биноиашро дар бемористони чашми шаҳри Москва барқарор кардан мумкин буд. Мухлисони зудбовари Барзу барои ҷамъ овардани пул дар интернет флешмоб ташкил намуданд. «Кумак расонед! Ситора кӯр мешавад!». Ин на фақат гадоӣ аз тариқи ВАО буд, балки ҳамчунин як воситаи реклама. 20-30-40-50 долларӣ, сомонӣ ҷамъ намуда роҳкироро таъмин намуданд. Зайд Саидов ба ӯ 2000 доллар дод ва костюми нав харид. Ва дар ҷавоб Барзу чунин хитоб кард: «Зайд – виҷдони миллат аст!».
Ҳамин тавр Шекспири тоҷик (дар ҷараёни ҷамъоварии пул ӯро чунин меномиданд) ба Москва омада биноиашро барқарор кард. Додоҷон ӯро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват намуд. Ва аз забони Барзу ба унвони Додоҷон суханҳои таърифӣ садо доданд:
– Шумо ифтихори миллат!
– Шумо рамзи мубориза барои озодӣ ҳастед!
– Ман ба шумо қоилам!
– Ман бо шумо фахр мекунам.
Ва боз лофу газофи бисёр. Дар чунин мавридҳо сарвати луғавии Барзу бой аст. Ба назари Додоҷон бошад, чунин намуд, ки ин ҳарфҳо аз забони тӯтӣ садо медиҳанд.
Имрӯз бошад Додоҷон барои Барзу «гапфурӯши лаққӣ», «ҳайвони пасттарини ришдору душох», «паҳнкунандаи сифлиси сиёсӣ» мебошад.
Худи Барзу кист? Се карат нобакор!
Барзу Темур аст, Темур бошад Барзу
Вақте мақолаи Барзуро, ки бештар ба нутқи вакили дифоъ дар суд шабоҳат дошт хондам, аз дилам гузашт, ки ин бӯҳтонномаро Темур Қличев – Варқӣ навиштааст. Зеро услуби баён, услуби Темурро ба хотир меорад. Вожаҳо аз луғатҳои маҳбусони шӯравӣ маро ба хулосае оварданд, ки ин маҳсули қалами Темур аст.
Аммо баъд яқин кардам, ки ин матнро худи Барзу сохта аст. Охир Темуру Барзу ба ҳам бисёр монанданд ва онҳоро аз якдигар фарқ кардан мушкил аст!
Агар Барзу ба оина нигарад дар он акси Темурро хоҳад дид.
Ва баръакс, Темур ҳар рӯз дар оина чеҳраи Барзуро мебинад.
– Ҳарду шаробнӯши ашаддианд;
– Ҳарду забони модариашонро намедонанд ва аз ин ҳеҷ шармашон намеояд;
– Ҳарду аз қисмат норозианд;
– Ҳарду гирифтори касалии бузургманишианд.
Ҳарду нобакоре шабеҳи якдигаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.