расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳаво дар охири ҳафта 10 дараҷа хунуктар мешавад

. / Ҷомеа

Ҳаво дар охири ҳафта 10 дараҷа хунуктар мешавад

Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯйии обу ҳаворо барои як ҳафтаи ахир нашр кардааст.


Душанбе, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, канори дарёи Душанбе
Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз пойин рафтани ҳарорати ҳаво дар ин ҳафта хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, дар миёнаҳои ҳафта дар тамоми қаламрави кишвар пойин рафтани шиддати гармии ҳаво пешгӯйӣ мешавад. 
Имрӯз, 19-уми январ  дар бештари манотиқи кишвар интизор меравад борон биборад, дар баъзе манотиқи ВМК Ббарф пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар миёнаҳои рӯз 12-13 дараҷа гарм хоҳад буд.
20-уми январ бориш нест, вале то 2-3 дараҷа пойин рафтани ҳаво дар назар аст. 21-уми январ ҳам дар бештари қисматҳои кишвар бориш нест. Ҳаво нимабрӣ хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво дар  водиҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ  12-17 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 3-8 дараҷа тахмин мешавад.
Дар Хуҷанд дар ин рӯз каме хунуктар - рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад буд.  Дар маҷмуъ, дар Суғд ҳаво рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад буд. 
Дар Хоруғ ҳаво дар миёнаҳои ҳафта хунуктар хоҳад шуд. Рӯзона 0-2 дараҷа хунук мешавад, дар Мурғоб - 15-17 дараҷа зери сифр. Дар вилоят ҳавои тағйирёбанда хоҳад буд. Дар ғарби вилоят аз 0-5 дараҷа хунук то 4-9 дараҷа хунукӣ, дар шарқи вилоят  аз 11-16 то 19-24 дараҷа хунукӣ пешбинӣ мешавад. 
Ҳавои вилояти Хатлон мисли Душанбе гуфта мешавад, ки рӯзона гармшавии ҳаво то 14-16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо то 11-16 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 9-14 дараҷа гармӣ мешавад. 
Аз 22-юми январ хунукиҳо пешбинӣ мешавад, далелаш зиддисиклони сарде гуфта мешавад, ки хунукиву барфро ба кишвар бармегардонад.  Дар ин рӯз дар тамоми кишвар барф пешгӯйӣ мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриву вилояти Хатлон борон ба барф табдил меёбад. 
Дар Душанбе баъди гармиҳои 14-16-дараҷаи ҳаво то 0-2 дараҷа сардӣ пойин мефарояд. 22-январ дар Хуҷанд барф меборад, рӯзона ҳаво 3-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар вилояти Суғд дар маҷмуъ хунукӣ аз 2-7 дараҷа дар назар аст.
Дар ин рӯз ҳаво дар ВМКБ 6-8 дараҷаи зери сифр ва дар Мурғоб 16-18 гуфта мешавад.  Дар ғарби вилоят аз 0-5 то 4-9 дараҷа хунук ва дар шарқ рӯзона аз 11-16 то 19-24 дараҷа сардӣ (дар минтақаи Блункӯл аз 26-28 то 31-33 дараҷа хунукӣ) мешавад.
Дар Бохтар, гармтарин минтақаи кишвар ҳам ҳаво хунук мешавад ва дар дараҷаи -1+1 хоҳад буд. Дар вилоят ҳавои -3+2 гуфта мешавад. 
23 январ бориш дар назар нест, аммо ҳаво хеле хунук пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар тамоми кишвар хунук гуфта мешавад, ки нисбат ба аввали ҳафта то 8-10 дараҷа пойинтар хоҳад буд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.