расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Пандемия ҳаҷми мусофиркашониро дар Душанбе кам кард

. / Ҷомеа

Пандемия ҳаҷми мусофиркашониро дар Душанбе кам кард

Дар роҳҳои пойтахт чӣ қадар автобусу тролеейбус ва микроавтобусу таксиҳо хизматрасонӣ мекунанд?

Сурат: vecherka.tj
Соли 2020 тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ба ҳудуди 245 млн нафар мусофирон хизмат расонида шуд, ки 8,3% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.
Гуфта мешавад, дар шароити пандемияи коронавирус кам кардани шумори нақлиёти мусофирбар лозим омад, ки ба поинравии нишондиҳандаҳо боис гардид.
Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар Душанбе 4 корхонаи давлатӣ, 17 корхонаи хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, 11 ширкат тариқи таксӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд.
Мусофиркашонӣ дар пойтахт бо 83 хатсайр сурат гирифта, 26 хатсайри автобус, 8 хатсайри тролллейбус ва 49 хатсайри микроавтобусҳо амал мекунанд.
Дар шаҳр зиёда аз 4835 ҳазор адад нақлиёти автомобилӣ барои хизматрасонӣ ба мусофирон амал мекунанд, аз ҷумла 528 адад нақлиёти давлатӣ, 1557 - микроавтобусҳои бахши хусусӣ ва 2650 адад таксӣ.

Ҳамарӯза дар шаҳр 365 адад автобус, 47 троллейбус, 1190 микроавтобусҳои бахши хусусӣ ва 1570 таксӣ равуо мекунанд.
Дар шаҳрдорӣ қайд мекунанд, ки давоми сол харидории зиёда аз 30 адад троллейбусҳои муосири истеҳсоли Беларус, ки бе сим (қувваи барқ) 15 километр ҳаракат карда метавонанд, дар назар аст.
Ҳамчунин харидории 50 адад автобусҳои истеҳсолкунандаи маҳаллии «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.