расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чор ҳолати нави коронавирус баъди 2 рӯзи сироят нашудан дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Чор ҳолати нави коронавирус баъди 2 рӯзи сироят нашудан дар Тоҷикистон

Баъд аз ду рӯзи сабти ном нашудани сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон шоми 2 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар кишвар 4 ҳолати нав сабти ном шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар медиҳад. 
Рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ин рӯзҳо ҳеч ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст, ҳарчанд ҷузъиёти ин хабарро мақомот дар ихтиёри расонаҳо нагузошта буданд. 
Ҳоло бар асоси иттилои дарёфтӣ то 2-уми январи соли 2021 дар Тоҷикистон 13300 нафар гирифтори СOVID-19 шудаанду 90 кас бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Аз ин шумора ба иттилои Вазорати тандурустӣ 12980 нафар сиҳат шудаанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.