расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

Ҷомеа / Ҳаводис

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

Рӯзи 18-уми декабри соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси-Даэву», Ҷабборов Абдулмаҷид Тоштемурович, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди деҳаи Мардасойи ҳамин ноҳия бинобар сабаби туман ва кам будани масофаи дидашавии роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз болои пул ба дохили канал афтида чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҷабборов А.Т. ва мусофири он Бобоҷонов Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1955, сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, санаи 18-уми декабри соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Саймиддинов Қиёмиддин Аброридинович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар кӯчаи А.Каҳҳорови пойтахт ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Ҷомӣ аз тарафи кӯчаи Н.Қарабоев ба самти кӯчаи Борбад, дар рӯ да рӯи Маркази савдои «Тоҷикистон» бо сабабҳои номаълум ба қисми ақиби автомашинаи боркаши тамғаи «Газ-2705», таҳти идораи Қосимов Зайниддин Худойдодович, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт, ки бо қатори якуми роҳи мошингард бо сабаби тамбашавии роҳ бо суръати паст ҳаракат мекард, бархурдааст.
Шаҳрванд Саймиддинов Қ.А. аз ҷониби ронандаи автомашинаи боркаш Қосимов З.Х. ба беморхона дастрас карда шуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.