расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СОЛИ НАВ НАМЕШАВАД, АММО ХЛОПУШКАКАФОНӢ АЛЛАКАЙ ДАР АВҶ АСТ!

. / Ҷомеа

СОЛИ НАВ НАМЕШАВАД, АММО ХЛОПУШКАКАФОНӢ АЛЛАКАЙ ДАР АВҶ АСТ!

Соли ҷорӣ бо сабаби авҷи маризии коронавирус, Тоҷикистон ҷашнгирии Соли нави мелодиро манъ кард. Аммо бо наздик омадани ин ид дар хиёбонҳои пойтахт садои гушхароши хлопушка шунида мешавад.
Тоҷикистон мувофиқи қонунгузорӣ хариду фурӯши маводи тарфгарӣ қатъиян манъ аст, вале ҳамасола аз ҷониби кормандони милитсия теъдоди зиёди фурӯшандаҳои ин мавод боздошт мешаванд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар чанд рӯзи охир, пулиси Душанбе дар 12 ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводҳои тарфгариро дарёфту мусодира намуданд. 
Ба иттилои манбаъ, кормандони милитсия ду сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки ба фурӯши маводи пиротехникӣ машғул буданд.
Гуфта мешавад, аз Мирзоев Абубакр ва Ҷунайдзода Муҳаммадӣ зиёда аз 17 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира шуд.
"Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт Эргашев Авазбеки 18 - сола, сокини Душанбе, дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Аз Эргашев 3 500 дона маводи тарфгарӣ бо номи "Трения" мусодира шуд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.
подробнее

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.