расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Нишасти изтирории 3 ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар Хуҷанд

. / Ҷомеа

Нишасти изтирории 3 ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар Хуҷанд

Бо сабаби тумани ғализ ҳавопаймоҳо дар Душанбе нишаста натавонистанд.

Яке аз ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр", ки таъҷилан дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст
Сурат: маркази матбуоти фурудгоҳи Хуҷанд
Бар асари тумани ғализ, ки шабона шаҳри Душанберо фаро гирифт, 3 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки бо хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Москва - Душанбе ва Сургут - Душанбе парвоз анҷом медоданд, таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов хабар дод, ҳавопаймои аввали хатсайри Новосибирск - Душанбе соати 03:35 дақиқа ба майдони ҳавоӣ фуруд омадааст.
“Бар асари обуҳавои номусоид ва биноии начандон хуб дар хатҳои нишасти фурудгоҳи Душанбе, ҳавопаймоҳои хатсайри Москва-Душанбе (№234) соати 06:32 ва Сургут-Душанбе (№8260) соати 07:07-и субҳ дар Хуҷанд фуруд омаданд”, - хабар доданд дар фурудгоҳ.
Маюсуфов қайд кард, ки ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо мебошанд.
“Аз ҳавопаймо баромадан дар Хуҷанд ба мусофирон манъ аст, зеро ин хатсайри байнулмилалӣ мебошад. Дохили ҳавопаймо гарм буда, ба мусофирон чойу қаҳва пешниҳод шуд. Аз фурудгоҳи Душанбе маълумот интизорем ва чун онҳо хабар диҳанд, ки ба қабули ҳавопаймоҳо омодаанд, ҳавопаймоҳо ба самти Душанбе парвоз мекунанд”, - илова кард котиби матбуотии фурудгоҳ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.