расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Сафири Русия дар шаҳри Турсунзода лавҳаи ёдгории иштирокчиёни ҶБВ-ро боз намуд

. / Ҷомеа

Сафири Русия дар шаҳри Турсунзода лавҳаи ёдгории иштирокчиёни ҶБВ-ро боз намуд

Дар лавҳа номи 571 нафар иштирокчиёни ҶБВ - сокинони деҳаи Қаратоғ зикр шудааст.

Сурат: Аксҳо аз Asia-Plus
Дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода рӯзи 9 декабр бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳр Парвиз Акрамзода маросими пардбардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ бахшида ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) баргузор шуд.
Дар лавҳаи ёдгорӣ номи 571 нафар иштирокчиёни ҶБВ - сокинони деҳаи Қаратоғ зикр шудааст, ки 234 нафари онҳо дар набардҳо ҳалок шудаанд.
Аз шаҳри Турсунзода ҳамагӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҷанг рафта,  2 ҳазору 200 нафарашон аз майдони набард барнагаштанд.
Дар бунёди лавҳаи ёдгорӣ ҳайати омӯзгорону хонандагони мактаби миёнаи №12 саҳми беандоза гузошта, номи иштирокчиёни ҷангро дарёфту барқарор карданд.
Сокинони деҳа, соҳибкорон, инчунин ширкати ТАЛК0, сафорати Русия ва пойгоҳи низомии 201-ум барои гиромидошту ҷовидонӣ гардонидани хотираи қаҳрамонони ҷанг ҳудуди 140 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварданд.
1/9
Ҳамаи иштирокчиёни маросим хотираи ҳалокшудагон дар ҷангро бо дақиқаи хомӯшӣ гиромӣ дошта, ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба фаъолону саҳмгузорон дар бунёди лавҳа ифтихорномаву номаҳои минннатпазирӣ тақдим намуд. Дар навбати худ, сафорати Русия Турсунзодаро шаҳри ифтихори ҷангӣ ва меҳнат номбар кард.
Дар фарҷом хонандагони мактабҳои №№12 ва 98, гимназияи №2 консерт намоиш дода, чорабиниӣ бо иҷрои суруди “Рӯзи Ғалаба” (День Победы) ва аксбардорӣ барои хотира анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.