расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » АХЛОҚ. Чаро он дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери по мегардад?

. / Ҷомеа

АХЛОҚ. Чаро он дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери по мегардад?

7617

Шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои охир ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсонҳо гардидаанд. Имрӯз мушоҳида менамоем, ки ҷавонони мо низ аз шабакаҳои Instagram ва Facebook ва амсоли инҳо фаъолона истифода мебаранду обуначиҳои худро доранд. Дар ин баробар ҳар кадоме вобаста ба завқи худ “муштариён”-и худро бо мавод таъмин мекунад.


Аммо дар ин авохир як чизе, ки аксаран боиси нигаронӣ шудааст, ин коста гардидани меъёрҳои ахлоқӣ ва баъзан комилан зери по шудани ин арзиш мебошад. Зиёд ба назар мерасад, ки корбарони шабакаҳо расм ва наворҳои ғайриахлоқӣ мегузоранду дар айни ҳол панду андарз ё ояву ҳадисҳоро паҳн мекунанд. Дар ин ҳангом, албатта барои ҳар бинанда ҷои аҷобат аст, ки арзишҳои ахлоқӣ куҷостанд ва мо ба куҷо хоҳем рафт? Ғарб? Шарқ? Ё...

Мо албатта, зидди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ нестем, аммо дар баъзе саҳифаҳои Facebook ва Instagram дида мешавад, ки истифодабарандагон наворҳои аз доираи ахлоқ берунро паҳн мекунанд, ки на ба ҳар кас хушоянд аст. Мисол, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани аксҳо аз маросими ҷаноза, тӯй ё он касе, ки дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дораду аксашро бо сӯзану дору паҳн мекунад, аз нигоҳи ахлоқ дуруст нест. Истифода аз ин шабакаҳо бояд як тартиби муайяни худро дошта бошад, ки дигарон аз он манфиате гиранд.

Бархеҳо маводҳоеро пешкаши ҷомеа мекунанд, ки на танҳо меъёрҳои ахлоқӣ, ҳатто шаъну шарафи инсонҳо зери по мегардад. Масалан, чанде пеш дар шабакаи Ютуб наворе аз ҷониби Алиҷони Зайниддин нашр гардид, ки дар навор нисбати як наврас корҳои нолоиқро раво дидаанд. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдро ба бор овард ва аз масъулони мақомот дархост гардид, ки афроде, ки чунин наворро паҳн намудаанд, ҷазо бигиранд.

Ахиран Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин ҷавононро боздошт намуда, ҷазо дод. Ва ин ягона наворе набуд, ки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он нигаронӣ намуда бошанд ва чунин амалҳо аз ҷониби дигар блогерони тоҷик низ ба назар мерасад, ки барои зиёд намудани обуначиён ва пул кор кардан ба ин амалҳо даст мезананд.

Фарҳангшинос Озар Орифӣ низ аз ин бархӯрди ҷавонон нигарон аст. Ӯ зимни суҳбат бо мо гуфт: “Барои солим нигоҳ доштани тафаккури ҷавонон бояд онҳо аз ҳар гуна шабакаҳое, ки аз доираи ахлоқи тоҷикон дуранд, канорҷӯйӣ намоянд, то мафкураи онҳо дигар нашавад. Ва баракс, ба шабакаҳое, ки мавзӯъҳои ахлоқиро баррасӣ менамоянд, истифода баранд”.

Бояд қайд кард, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хуб аст ва барои огаҳӣ пайдо намудан аз ахбору маълумотҳо метавон аз онҳо истифода кард. Вале бархе ба қавле блогерон онро танҳо барои дарёфти манфиатҳои шахсии худ истифода мебаранд, ки ин ба косташавии фарҳанги мо оварда мерасонад. Ва имрӯз шоҳиди он ҳам ҳастем, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла ВКД чунин амали блогерон сари вақт танзим мегардад ва онҳо ҳатто ҷазо низ мегиранд.

Дар кишварҳои пешрафта бахусус дар Амрико шабакаҳои иҷтимоиро бо синну сол ҷудо кардаанд, ки насли наврас наметавонад аз ҳар гуна наворҳо ва аксҳо дидан намояд. Ин албатта хеле хуб аст, вақте ки кӯдаки то 16 - сола наметавонад аз саҳифаҳои гуногун истифода барад, вай тарбияи хуб мегирад ва барои сайқал додани малакаи худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад. Умед дорем, ки мо низ ба ҳамин рӯзҳо мерасем.

Аммо хеле бад аст, вақте як кас дар саҳифаҳои шахсии худ барои хонандагон хабарҳои нохуши аз чаҳорчӯбаи ахлоқ дур бударо, паҳн мекунад. Ин албатта зарари худро ба ҷомеа мерасонад. Пас, биёед, аз истифода ва паҳн намудани ҳар гуна наворҳо ва расмҳои ғайриахлоқӣ ва берун аз одоб даст кашем ва барои насли наврас дар ҷаҳони маҷозӣ як фазои созгорро муҳайё кунем.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.