расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » То баҳор дар Душанбе 4 млн бех гули лола шинонида мешавад

. / Ҷомеа

То баҳор дар Душанбе 4 млн бех гули лола шинонида мешавад

Лекин раиси пойтахт дархост намудааст, ки зиёдтар шинонанд.

Сурат: Asia-Plus
Тибқи нақшаи гулпарварони пойтахт, то баҳор дар Душанбе бояд ҳудуди 4 млн бех гули лола шинонида шавад, лекин раиси пойтахт дархост намудааст, ки зиёдтар шинонанд.
Дархости раиси шаҳр ба он рабт дорад, ки соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ду нишасти бузурги сиёсӣ - ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД ба нақша гирифта шудааст.
“Чунин миқдор гули лола (наздик ба 4 млн бех) дар пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ шинонида нашудааст. Соли гузашта наздики 1 млн дона гули лола шинонида шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, то баҳор дар пойтахт натанҳо гули лола, балки дигар навҳои гуногуни гулҳо, аз қабили гули довудӣ (хризантема), бегония, карнайчагул (петуния) ва салвия низ шинонида хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи гулҳо дар парваришхонаҳои шаҳр барои шинонидан тайёр мешаванд.
Дар пойтахти Тоҷикистон то фасли баҳор ҳамагӣ беш аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида хоҳанд шуд, ки нисбат ба соли равон қариб 2,5 млн дона бех зиёдтар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.