расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Китоби “Айёре аз Хуросон”-и Халилӣ дар Душанбе рӯнамоӣ мешавад

. / Ҷомеа

Китоби “Айёре аз Хуросон”-и Халилӣ дар Душанбе рӯнамоӣ мешавад

Ин китоб дар бораи даврони бачагӣ, айёр ва ҳукуматдории нуҳмоҳаи Ҳабибулохони Калаконӣ аст.

Сурат: ketabnak.com
Ин китоб бо пуштибонии Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз сӯйи нашриёти “Адиб” нашр шудааст.
Тавре ба “Азия Плюс” Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар таҳиякунада ва ношири ин китоб гуфт, “Айёре аз Хуросон”  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва 40-умин солгарди таълифи асари арзишманди достони таърихии Устод Халилуллоҳ Халилӣ ба кириллӣ баргардон шудааст. Баргардонии асарро рӯзноманигор Ҷумаъхони Сайдалӣ анҷом додааст.
Ба гуфтаи Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар ин китоб як бахши зиндагӣ ва саргузашти мардуми тоҷик дар Афғонистон дар асри гузашта аст. Баъдан дар ин китоб дар бораи зиндагии Амир Ҳабибуллохони Калаконӣ маъруф ба Бачаи Сақо, яке аз фармондеҳҳои тоҷики Афғонистон аст, ки баъди 200 соли беҳукуматии тоҷикон дар ин ҷуғрофиё ба қудрат мерасад, достонҳои ҷолибе аст.
Муҳарири ин китоб Мубашири Акбарзод аст ва он бо теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст.
“Айёре аз Хуросон” асари машҳури шоир ва нависандаи маъруфи Афғонистон Халиллулоҳ Халилӣ аст, ки ривоятгари як насли айёрӣ дар Афғонистон аст. Ин китоб дар бораи шахсият ва ҳукуматдории нуҳмоҳаи Амир Ҳабуибуллохони Калаконӣ дар солҳои бистуми асри гузашта аст.
Ҳабибуллохони Калаконӣ яке аз чеҳраҳои пурсарусадои таърихи Афғонистон нақши муассире дар сарнавишти тоҷикони ҳар ду сӯйи Ому дорад. Баъзе аз таърихнигорон яке аз далелҳои аз тобеъияти Узбекистон берун шудани Тоҷикистони мухтор ва Ҷумҳурии Шӯравӣ шудани онро дар соли 1929 рӯйи кор омадани ҳукумати Ҳабибулои Калаконӣ дар Афғонистон медонанд.
Маросими рӯнамоии ин китоб рӯзи 4-уми декабри соли равон дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.