расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ифтитоҳи сомона барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон Istemol.Tj

. / Ҷомеа

Ифтитоҳи сомона барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон Istemol.Tj

Акнун ҳар як истеъмолгар ба дарёфти маълумоти зарурӣ доир ба ҳуқуқҳои худ имкон дорад.


Акнун ҳар кадоме аз мо тариқи онлайн метавонад оид ба маҷмӯи масъалаҳои гуногун ройгон машварат гирад.
Тӯли зиёда аз 18 сол Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ба ҳифзи ҷамъиятии ҳуқуқҳои истеъмолгарон машғул аст. Сар аз соли 2003 ин ташкилот маркази машваратӣ оид ба қабули муроҷиати шаҳрвандон - истеъмолгаронро боз намуд, ки тариқи он наздики 5 ҳазор истеъмолгарон аз кумаки зарурии ҳуқуқӣ баҳравар шуданд.
Дар ин давра Иттифрқ корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Фаъолият дар мавриди ҳифзи амалии ҳуқуқҳои истеъмолгарон бо тартиби тосудӣ ва судӣ, инчунин дар марҳилаи истеҳсолоти иҷро мунтазам дастгирӣ мешуд.
Ҳуқуқҳои ҳазорон истеъмолгарон дар баррасии масоили гуногун ҳифз шуданд: техникаи маишии пастсифат, мебел, маҳсулоти ғизоӣ, сарулибос, хизматрасониҳои сайёҳӣ ва тиббӣ, хизматрасониҳо дар сафарҳои ҳавоӣ, тайёр кардани мебел, таъминот бо барқу об, хизматрасониҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна ва ғайра.
Давоми фаъолияти худ Иттифоқ ҷиҳати ба истеъмолгарон баргардонидани зиёда аз 1 млн доллар маблағ кумак кард, ки барои молу маҳсулот ё хизматрасонии пастсифат пардохт шуда буданд.
Акнун имрӯз Иттифоқ сомонаи худро ба кор медарорад, ки тавассути он ҳар як истеъмолгар дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумоти зарурӣ дарёфт намуда, ҳамчунин барои машварату кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат карда метавонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.