расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Панҷакент: гуруҳе аз занон пеши роҳи мошини Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаанд

. / Ҷомеа

Панҷакент: гуруҳе аз занон пеши роҳи мошини Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаанд

Бо вуҷуди мухолифати милисаҳо Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин пойин шуда, арзи занҳоро шунидааст.

Гуруҳе аз занҳо дар назди ҳукумати шаҳри Панҷакент
Сурат: Хуршеди Фозил
Пас аз муаррифии раиси нави шаҳри Панҷакент, баъд аз зӯҳри санаи 11-уми ноябр, як гуруҳ занон барои расонидани арзи хеш пеши роҳи мошини раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаанд.
Хабарнигори шаҳрвандии “Азия-Плюс” дар Панҷакент Хуршед Фозилов мегӯяд, ки ҳарчанд кормандони мақомоти қудратӣ пеши роҳи занонро мегирифтанд, вале бо ин вуҷуд Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин фаромада, арзи занҳоро шунид.
Ин занҳо аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан будаанд, ки ба гуфтаи худашон хостори онанд, ки бинои беморхонаи пешини минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакентро барои истифодаи кӯдакистон ва ё мактаб бидиҳанд.
- Мо кӯдакистон надорем, фарзандонамонро ба боғчаҳои шаҳр мебарем. Бигузоранд мо худамон онҷоро боғча кунем. Чанд вақт шуд даво дав дорем. Аммо касе хоҳиши моро ба инобат намегирад, - гуфтанд занҳои норизо ба раиси вилояти Суғд.
Аммо сардухтури беморхонаи марказии Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров мегӯяд, бинои беморхона дар тавозуни мо қарор дорад ва мо ният дорем шӯъбаи эндоҷарроҳиро ба онҷо кӯчонем. Зеро ин шӯъба айни замон иҷоранишин аст.
Вале раиси ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан назари дигар дорад. Эркин Тӯхтаев, раиси ҷамоати мазкур дар суҳбат гуфт: замини беморхона то ҳол дар тавозуни хоҷагии деҳқонии "Саъдулло Рӯзиев" аст.
- Мо ҳам мактуб карда будем, ки ин биноро барои кӯдакистон ба мардуми деҳаи Кабудсанг диҳанд .
Беморхонаи минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакент, соли 2012 бунёд ёфтааст ва он барои мардуми ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти водии Зарафшон хизмат мерасонид.
Моҳи сентябри соли равон баъди ба истифода додани бинои нави беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, шӯъбаи дилшиносии минтақавӣ ба ин бино кӯчид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.