расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » То 45 ҳазор рубл. Билетҳо ба хатсайри Душанбе-Маскави ширкати Utair аллакай фурӯхта шуданд

. / Ҷомеа

То 45 ҳазор рубл. Билетҳо ба хатсайри Душанбе-Маскави ширкати Utair аллакай фурӯхта шуданд

Парвоз бо ин хатсайр рӯзи 14 ноябр сурат гирифта, дигар дарёфти билет ғайриимкон аст.

Сурат: ato.ru
Ҳамаи билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав, ки рӯзи 14 ноябр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Utair-т Русия анҷом дода мешавад, аллакай фурӯхта шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” намояндаи ширкати Utair дар Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, билетҳо ба хатсайрҳои пешбинишуда ба рӯзҳои 21 ва 28 ноябр ҳоло ба фурӯш гузошта нашудааст.
“Мутаассифона, хоҳишмандони аз Тоҷикистон ба Русия парвоз кардан хеле зиёданд, лекин шумори ҷойҳо дар ҳавопаймо маҳдуд буда, мо хоҳиши ҳамаи онро иҷро карда наметавонем. Ҳамаи билетҳо ба хатсайри рӯзи 14 ноябр пешбинишудаи Душанбе-Маскав аллакай фурӯхта шудааст. Касоне, ки билет дастрас карда натвонистанд, метавонанд хатсайрҳои дигарро интизор шаванд”, - гуфт намояндаи ширкат.
Ба гуфтаи ӯ, билетҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон ва Русия харидан мумкин аст.
“Ман алҳол маълумот надорам, ки билетҳо ба дигар хатсайрҳои пешбинишуда кай ба фурӯш бароварда мешаванд”, - иброз дошт вай.
Намояндаи ширкат қайд кард, ки ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе холӣ парвоз мекунад, аз ин рӯ, нархи билетҳо аз 42 то 45 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
“Агар ба баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия иҷоза мебуд, билетҳо хеле арзонтар мешуданд”, - илова кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ширкати ҳавопаймоии Utair ҷиҳати анҷом додани парвозҳои чартерӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут аз мақомоти Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.

Як парвоз рӯзи 7 ноябр аллакай анҷом дода шуда, дигар парвозҳо рӯзҳои 14, 21 ва 28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо бо хатсайри Хуҷанд-Сургут пас аз тартиб додани рӯйхати мусофирон анҷом дода мешаванд.
Хатсайрҳои мазкур барои аз хориҷа ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки ҷиҳати вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати Русия аз 16 март (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, барои иҷозаи парвоз бояд хулосаи муассисаи тиббӣ дар бораи сироят надоштан аз коронавирус аз рӯйи натиҷаҳои супоридани тестро бо з

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.