расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Манбаъ: Ба “Сомон Эйр” алҳол ҷиҳати парвоз ба Чин иҷоза нест

. / Ҷомеа

Манбаъ: Ба “Сомон Эйр” алҳол ҷиҳати парвоз ба Чин иҷоза нест

Рӯзи парвози нахустин ба Урумчӣ ва чӣ гуна фурӯхтани билетҳо ҳоло маълум нест.

Сурат: аз Zagranportal
Билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе - Урумчӣ - Душанбе (Чин) аллакай дар фурӯшанд, мегӯянд дар Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои фурӯш билет нест, чунки хатсайр ҳам нест.
“Билетҳо ба хатсайри Душанбе - Урумчӣ аллакай дар фурӯш аст. Вобаста ба шумори мусофирон хатсайрҳои мустақим дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати тоҷикистонии Somon Air ва ширкати China Southern Airlines-и Чин анҷом дода мешаванд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии авиатсияи грждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.
Дар ҳамин ҳол, Икромзода дар бораи рӯзи парвози нахустин тариқи ин хатсайр маълумоти саҳеҳ надод.
Як манбаи муътамади “Азия-Плюс”, ки ба ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ робитаи наздик дорад, изҳор дошт, ки “Сомон Эйр” то ҳол барои анҷоми парвоз аз мақомоти авиатсионии Чин иҷоза дастрас накардааст.
“Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷоми парвоз тариқи хатсайри Душанбе - Урумчиро охири моҳи октябр ба нақша гирифта, лекин аз ҳукумати Чин то ҳол иҷоза нагирифтааст. Аз ин рӯ, дар нуқтаҳо алҳол билет фурӯхта намешавад”, - қайд кард манбаъ.
Хабарнигори “Азия-Плюс” ҷиҳати дарёфти билет ба Урумчӣ ба ҳамаи нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ занг зад, лекин дар ҳеҷ кадоме аз онҳо билет дарёфт нашуд.
“Алҳол ба ин самт билет нест.. Мо огаҳем, ки парвозҳо бо ин хатсайр барқарор шудаанд, лекин ягон хатсайр нест, умедворем, ки то охири моҳ хатсайрҳо муайян мешаванд”, - гуфтанд дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ.

Аввали моҳи октябр Икром Субҳонзода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки пас аз танаффуси ҳафтмоҳа Тоҷикистону Чин парвозҳои мустақимро тариқи хатсайри Душанбе - Урумчӣ барқарор намуда, парвози аввалин нимаи моҳ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19 гирифта шуда, зимни парвоз бояд ҳамаи меъёрҳои санитарӣ-гигенӣ риоя шаванд.
Мусофирон бо худ бояд маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то вуруд шуданашон дода шуда бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.