расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба зиёда аз 11,3 ҳазор нафар расид

. / Ҷомеа

Шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба зиёда аз 11,3 ҳазор нафар расид

Рӯзи якшанбе боз 42 ҳолати нави сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шуд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 9 ноябр 11 ҳазору 336 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.
Шумори шифоёфтагон 59 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 653 нафар ё худ 94,%-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё ба зиёда аз 50 млн нафар расида, аз оғози пандемия 1,2 млн нафар нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.