расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҚАСДИ ХУДКУШИИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР БИНОИ ПУЛИСИ МАСКАВ

Ҷомеа / Муҳоҷир

ҚАСДИ ХУДКУШИИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР БИНОИ ПУЛИСИ МАСКАВ

Рӯзи 21 октябр як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон дар Маскав дар бинои пулиси ноҳияи Черёмушки қасди худкушӣ кардааст. Бино ба иттилои шабакаи «360», мард аввал дар назди ошхонаи №14 дар даст отвёртка таҳдид кардааст, ки худро мекушад. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расида, отвёрткаро аз дасти ин мард кашида гирифта, худашро ба пулис бурдаанд. Аммо ё дар пулис низ сару рӯи худро ба девор зада, гуфтааст, «ё ман худам худамро мекушам, ё инҳо маро мекушанд.» Кормандони пулис як бригадаи кумаки равониро даъват кардаанд ва бегоҳи 21 октябр, марди дар ҳолати афсурдагӣ қарордоштаро бидуни завлона ба пеши табибон овардаанд. Ӯ хоҳиши рафтан барои қазои ҳоҷат кардааст. Вале вақте аз ҳоҷатхона мебарояд, ба рӯи фарш меафтад. Кормандони пулис мебинанд, ки ӯ дар ҳоҷатхона мехе пайдо карда, ба синаи худ задааст. Зодаи Тоҷикистонро бо захми қафаси сина дар бемористони ба номи С.П.Боткин бистарӣ кардаанд. Сабаби қасди ҷони худ кардани ӯ маълум нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.