расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар ҳамлаи хунини вилояти Ғури Афғонистон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд

Ҷомеа / Ҳаводис

Дар ҳамлаи хунини вилояти Ғури Афғонистон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд

Аз таркиши мошини бомбгузоришуда дар маркази вилояти Ғури Афғонистон рӯзи 18 октябр ҳадди аққал 14 кас кушта ва 119 нафар захмӣ шудаанд. Дар ҳоле ки ангушти ишора ба ҷунбиши Толибон равона мешавад, ҳанӯз ҳеч гуруҳе масъулияти ин ҳамларо бар душ нагирифтааст.
Раиси полиси Ғур ба Радиои Озодӣ гуфт, таркиш дар наздикии биноҳое ба мал омад, ки он ҷо қароргоҳи полиси маҳаллии шаҳри Ғур, Раёсати шаҳидон ва маъюбон ва Раёсати кор бо занони вилоят воқеъ буда, шаҳрвандони зиёде ин ҷо пайи кори худ буданд. Вай афзуд, 35 маъмури давлат ва даҳҳо нафари осоишта захмӣ гаштаанд.
Мудири шифохонаи марказии Ғур, доктор Умар Лаълзод ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи бисёре аз захмиён дар вазнин аст ва аз эҳтимол дур нест, шумораи қурбониён афзоиш ёбад.
"Дар дохили раёсати шаҳидон ва маъюбон 40-50 нафар буданд ва онҳо осеб диданд," -- гуфт Абдулвакил Мутаваккил, шоҳиди ҳодиса.

Дафтари волии Ғор дар як изҳорот Толибонро масъули ин ҳамла номид. Сухангӯи Толибон дар минтақа ба Радиои Озодӣ гуфт, алҳол наметавонад даст доштани созмони худро дар ин ҳамла тасдиқ кунад.

Ҳамлаи маргбор дар ҳоле руй дод, ки Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар пойтахти Қатар - Доҳа сари мизи гуфтушуниди сулҳ нишастаанд, то ба ҷанги 19-солаи ин кишвар хотима диҳанд.

Аз оғози ин музокироти сулҳ дар моҳи гузашта ду тараф борҳо ҳамдигарро ҳадафи ҳамлаҳои хунин қарор додаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Тариқ Ориён гуфт, ки мошини пур аз маводи тарканда дар маркази Фирӯзкӯҳ, маркази вилояти Ғӯр, тақрибан соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, 18 октябр мунфаҷир гашт.

Ғур як вилояти кӯҳистонӣ ва дурдасти қисмати марказии Афғонистон, яке аз минтақаҳои қашшоқтарин ва ноустувори кишвар аст. Ҳукумати вилоят танҳо маркази он Фирӯзкӯҳ ва канораҳои онро зери назорат дорад.

Толибон бо вуҷуди музокироти сулҳ, ки 12 сентябр оғоз ёфт, аз риояи оташбаси саросарӣ сарпечӣ карданд.

16 октябр Толибон розӣ шуданд, ки ҳамлаҳои худро дар ҷануби Афғонистон қатъ кунанд. Бар асари ин нооромиҳо рӯзҳои охир ҳазорон нафар аз ин минтақа фирорӣ кардаанд. Қатъи ҳамлаҳои Толибон замоне имконпазир шуд, ки Вашингтон ваъда дод, ки ҳамаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва шабехунҳояшро тибқи созишномаи дуҷонибаи Иёлоти Муттаҳида бо Толибон, ки моҳи феврал имзо шуда буд, қатъ мекунад. Ин дар ҳоле буд, ки артиши ИМА барои дастгирии нерӯҳои афғон дар ҷангҳои вилояти Ҳилманд ба Толибон зарбаҳои ҳавоӣ мезаданд.

Намояндагии СММ дар Афғонистон ҳалокати зиёда аз 1280 шаҳрванди Афғонистонро дар нимсолаи аввали соли 2020 сабт кардааст, ки асосан дар натиҷаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни толиб ба вуқуъ пайвастааст.
Ҳалокати зане дар ҳамлаи интиҳории Ғури Афғонистон


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.