расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Абдурозиқ суруди Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард: видео

. / Ҷомеа

Абдурозиқ суруди Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард: видео


Дар намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ, кадрҳо аз рӯзи дафни сарояндаи ҷавонмарг Баҳром Ғафӯрӣ истифода шудаанд
 Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет суруди "Оғӯши ғам" - и шодравон Баҳром Ғафуриро бозхонӣ кард.
Дар намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ, кадрҳо аз рӯзи дафни сарояндаи ҷавонмарг Баҳроми Ғафӯрӣ ва аксҳои падару бародараш, истифода шудаанд.
Намоҳанги Абдурозиқ рӯзи 11 октябр дар саҳифаи Авлод Медиа дар шабакаи Youtube нашр шудааст.
Дар давоми панҷ рӯз намоҳангро беш аз 400 ҳазор кас боздид карда ва зиёда 32 ҳазор нафар писандидааст.
Ёдрас мешавем, ки пештар Анӯш Ғафурӣ - писари бузурги Баҳром Ғафурӣ,як таронаи падарашро бозхонӣ кард.
Анвар Ғафурӣ, бародари Баҳром Ғафурӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Анӯшервон танҳо ба хотири гиромидошти хотираи падар ва баёни эҳсоси ҷудоии нобаҳангом аз ӯ ин таронаро суруда, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои омадан рӯи саҳна нагирифтааст.
Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 7 августи соли равон дар синни 44 – солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Аз ӯ се писар боқӣ мондаанд, ки бузургтаринашон Анӯшервон аст.

Роҳи ҳунарии Абдурозиқ

Абдурозиқ пештар суруди Далер Назаров "Чак чаки борони баҳор" ва шеъри маъруфи “Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро” - и шоир Туғрал Аҳрорӣ - ро суруда буд.
Новый клип Абдурозика© YOUTUBE / AVLOD MEDIA"Бӯйи Муҳаммад (с) омад": нашри намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ - видеоТо ин муддат сурудҳои Абдурозиқ қалби миллион бинандаро дар YouTube тасхир кардааст. Аз ҷумла суруди муштараки ӯ ва репсаро Барон  бо номи “Ватан - Модар”, ки танҳо дар моҳи аввали баъди нашр, теъдоди тамошобинонаш ба бештар аз 2, 3 милион расид.
Ва ё суруди “Оҳанги дили зор” - и Абдурозиқро то ин муддат дар зиёда 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле рекорд ва ё “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар YouTube гуфта мешавад.
Сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт. Аз он замон масъулияти сабт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.