расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Исми ғолиби озмуни "Бонуи ҷаҳон - 2021" эълон шуд: ӯ кист?

. / Ҷаҳон

Исми ғолиби озмуни "Бонуи ҷаҳон - 2021" эълон шуд: ӯ кист?

Унвони зеботарин бонуи имсола дар озмуни «Бонуи ҷаҳон — 2021» насиби хонуми 21-солаи ҳиндӣ Ҳарнааз Сандху аз Чандигарх шуд

Ғолиби озмуни бонуфузи зебоии «Бонуи ҷаҳон — 2021» дар соли равон Ҳарнааз Сандхуи 21-солаи ҳиндӣ гардид, хабар медиҳад, сафҳаи Твиттери озмуни байналмилалӣ.

Дар наворҳои нашршуда аз маросиби баргузории Miss Universe дида мешавад, ки ғолиб аллакай тоҷро аз барандаи қаблӣ, Андреа Месии мексикоӣ гирифтааст.

Маълум шуд, ки бонуи нави ҷаҳон 21 сол дорад. Духтар дар Чандигарх зиндагӣ мекунад ва дар он ҷо ба ҳайси модел кор мекунад.
Ҳангоми эълони натиҷаҳо ҷавонзани ҳиндӣ ашкҳои худро дошта натавониста, дар саҳна гиря кард.

Ҷойи дувумро ин дафъа намояндаи Африқои Ҷанубӣ Лалела Мсвейн ва сеюмро Надя Феррейра аз Парагвай гирифтанд.

Дар озмуни «Бонуи ҷаҳон» духтарон аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳарнааз Сандҳу сеюмин намояндаи Ҳиндустон шуд, ки дар чунин озмун ғолиб омад. Пеш аз ӯ, ин унвон Сушмит Сен соли 1994 ва Лара Дутта соли 2000 гирифта буданд

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоӣ ҷашнии озмун (70-сола мешавад) дар шаҳри курортии Эйлати Исроил баргузор шуданд.

«Бонуи ҷаҳон"-ро барои аввалин бор дар ин кишвар интихоб карданд ва хушбахтона, паҳншавии штамми нави коронавирус аз баргузории озмун монеъ нашуд.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19, иштирокчиён аз тамоми ҷаҳон вазифадор буданд, ки пеш аз омадан аз карантин гузаранд ва пеш аз ҳамоиш чанд маротиба аз санҷишҳо гузаштанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.