расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ИМА бо Узбекистон дар бораи интиқоли халабонҳои афғон ба созиш расидааст

. / Ҷаҳон

ИМА бо Узбекистон дар бораи интиқоли халабонҳои афғон ба созиш расидааст

Нашрияи The Wall Street Journal менависад, маъмурияти Ҷо Байден бо Узбакистон дар бораи интиқоли як гурӯҳи халабонони низомии афғон ба пойгоҳи низомии ИМА ба тавофуқ расидааст.

Ин нашрия менависад, ҳукумати ҷангҷӯёни Толиб ба Узбакистон фишор меорад, то халабонҳо ва таҷҳизоти онҳоро ба Кобул супоранд. Халабонҳо худ ва оилаҳои худро бо ҳавопаймоҳои низомии Афғонистон ба Узбакистон расонданд, то аз Толибон фирор кунанд. Толибон моҳи гузашта пас аз берун шудани нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон ҳукуматро ишғол карданд.

Иёлоти Муттаҳида метарсад, ки дар сурати баргардонидани халабонҳо ба кишварашон кушта шаванд. Нашрия менависад, ки халабонҳои низомӣ аз ҷумлаи нафаронеанд, ки Толибон онҳоро сахт таъқиб мекунанд, чун онҳо Толибонро аз ҳаво ҳамла мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, Узбакистон намехоҳад, ки бо ҳамсояи ҷангҷӯяш муносибати пуртаниш дошта бошад ва аз Иёлоти Муттаҳида дархост кардааст, ки ин масъаларо зуд ҳал кунад. Тибқи иттилои ин нашрия, халабонҳо ва оилаҳои онҳо — дар маҷмӯъ 585 нафар — ба пойгоҳи низомии ИМА дар Давҳаи Қатар интиқол дода мешаванд. Баъдан халабонҳо барои истиқомати доимӣ ба дигар кишварҳо фиристода мешаванд. Маълум нест, ки чанд нафар аз онҳо ба Иёлоти Муттаҳида фиристода мешаванд, навиштааст WSJ.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.