расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Сӯхтор дар беморхонаи олудаҳо ба COVID-19 дар Руминия 4 касро кушт

. / Ҷаҳон

Сӯхтор дар беморхонаи олудаҳо ба COVID-19 дар Руминия 4 касро кушт

Мақомот дар Руминия гуфтанд, ки рӯзи 29 январ дар натиҷаи сӯхтор дар беморхонаи гирифторони COVID-19 дар шаҳри Бухарест дастикам чор бемор ҷон дод. Раед Арафот, як масъули вазорати умури дохилии Руминия гуфт, ки ҷасади се бемор дар муассисаи тиббии Матей Балс пайдо шуд ва нафари чорум бо вуҷуди тадбирҳои кӯмак дар наҷоти ҷонаш даргузашт. Дар паи сӯхтор шаст беморро ба бинои дигари Пажӯҳишгоҳи тиббии Матей Балс интиқол доданд. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби сӯхтор чӣ буд. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки моҳи ноябри порсол ҳам дар паи сӯхтори сарзада дар як беморхонаи дигари гирифторони COVID-19 дар шимолушарқи Руминия даҳ бемор ҷони худро аз даст дод. Руминия як кишвари нодортарини Иттиҳоди Аврупо буда, пандемияро бо нирӯи ками тиббӣ талош мекунад пуштисар кунад. Дар ин кишваре бо 19 миллион аҳолӣ 721 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, беш аз 18 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.