расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Эътирозгарони беларусӣ бо талаби истеъфои Лукашенко дар маҳалҳои аҳолинишин раҳпаймоӣ карданд

. / Ҷаҳон

Эътирозгарони беларусӣ бо талаби истеъфои Лукашенко дар маҳалҳои аҳолинишин раҳпаймоӣ карданд

17-уми январ, яке аз кӯчаҳои Минск

Эътирозгарони беларусӣ рӯзи 17-уми январ аз боғу маҳаллаҳои зисти чандин шаҳри кишвар раҳпаймоӣ карда, истеъфои Александр Лукашенко, раҳбари худкомаро талаб намуданд. Эътирозгарон инчунин тақозо карданд, ки масъулони хушунатҳои панҷ моҳи охир ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аз замони интихоботи президентии Беларус, ки дар он Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд, дар Беларус тақрибан ҳамарӯза намоишҳои эътирозӣ барпо мешавад. Эътирозгарон мегӯянд, ки интихобот ба манфиати Лукашенко тақаллуб шуд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо эътирофи натиҷаҳои интихоботи Беларусро рад карданд. Рӯзи якшанбе 30 эътирози мухталиф дар Минск, Брест, Гродно, Гомел ва дигар манотиқ баргузор шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.