расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Президент “мушти оҳанин”-ро нишон дод

. / Ҷаҳон

Президент “мушти оҳанин”-ро нишон дод

Бигзор Арманистон ҷангро фаромӯш накунад. Дар хотир доред, ки мушти оҳанин пойбарҷост.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, ки агар мақомоти расмии кишвар бидуни иҷозати Боку сафари Карабоғи Кӯҳиро идома диҳанд, Арманистонро чораҳои ҷиддӣ интизор аст, менависад Интерфакс. Ба гуфтаи Алиев, вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян ба Ханкенди (номи озарбойҷонии Степанакерт) ташриф овардааст ва ҳадафи сафари ӯ маълум нест. «Бигзор Арманистон ҷангро фаромӯш накунад. Дар хотир доред, ки мушти оҳанин пойбарҷост. Ин ташрифҳои беиҷозат бояд хотима ёбанд», — гуфтааст презиленти Озарбойҷон. Вай Арманистонро ҳушдор дод, ки дар сурати иқдомоти иғвоангез Ереван «пушаймон хоҳад шуд». Президент даъват кард, ки бо Озарбойҷон ҳама гуна сафарҳо ба Қарабоғи Кӯҳиро ҳамоҳанг карада шаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.