расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Твиттер саҳфаи Трампро баст

. / Ҷаҳон

Твиттер саҳфаи Трампро баст

Ин шабакаи иҷтимоӣ гуфтааст, ки агар Трамп дар идома ҳам қоидаҳои ин шабакаро нақз кунад саҳфаашро барои муддати номуайяне мебандад.

Шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳисоби корбарии Доналд Трамп раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муваққатан баст. Дар ин бора дар як навиштаи расмӣ дар саҳифаи расмии Twitter Safety омадааст.
Ин шабака эълом кардааст, ки ҳисоби корбарии  Трампро барои 12 соат ба далели твитҳое, ки аксаран дар рӯзи чаҳоршанбе  дар бораи интихобот нашр кардааст, масдуд мекунад. 
Твиттер гуфтааст, ки "ба далели ҳаводиси хушунатбори бесобиқаи ҷорӣ дар Вашингтон, мо дархост кардем , ки ҳисоби корбарии @realDonaldTrump, се твитти пештар нашркардаашро бинобар мухолиф ба сиёсати саломати ахлоқии мо будан ҳазф кунад. Ин ба  он маъност, ки баъди ҳазфи ин се твит ин ҳисоб барои 12-соати оянда дастнорас хоҳад буд",-изҳорот додааст Твиттер. 
Ҳарчанд ширкати Твиттер нагуфтааст, ки Тармп бояд кадом твитҳояшро ҳазф кунад, вале гуфтааст дар сурати такроран поймол кардани қоидаҳои саломати ахлоқии мо ҳисоби Тармпро барои муддатҳои номуайяне мебандад.
Бояд гуфт, ки саҳфаи расмии президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир бештар аз 88 миллион обуначӣ дорад ва дар пасманзари ҳаводиси ҷории рӯзҳои ахир Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.