расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дар як ҳафтаи охир дар Узбекистон 21 мусофири мубталои коронавирус ошкор шудааст

. / Ҷаҳон

Дар як ҳафтаи охир дар Узбекистон 21 мусофири мубталои коронавирус ошкор шудааст

Навбатпоии тӯлонӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Тошкант

Дар як ҳафтаи охир ба Узбекистон аз 12 кишвар бештар аз 12 ҳазор мусофир ворид шудааст. Дар маҷмуъ 21 тани ин мусофирон ба вабои коронавирус мубтало будаанд.
Дар ин бора дар ширкати Uzbekistan Airports хабар доданд.
Бино ба қарор Комисияи махсуси ҷумҳуриявии Узбекистон, сар аз 25 декабр ҳамаи мусофироне, ки вориди Узбекистон мешаванд, аз ташхиси фаврии коронавирус мегузаранд.
Бино ба қарори Комисия, қимати як ташхис наздики 9 доллари ИМА аст.
Мусофирон гуфтанд, баъди ҷорӣ кардани ташхис, дар фурудгоҳ навбатпоиҳои тӯлонӣ ташкил шудааст.
Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон хабар дод, ки то 2 январи соли 2021 шумори мубталоёни вабои коронавирус дар ин кишвар ба 77 ҳазору 231 кас расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.