расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Муллое, ки байни Эрону Саудӣ ҷанҷол барангехт, мақом гирифт

. / Ҷаҳон

Муллое, ки байни Эрону Саудӣ ҷанҷол барангехт, мақом гирифт

Дар Эрон як рӯҳониро, ки гуё ҳамлаи соли 2016 ба сафорати Арабистони Саудиро дар Теҳрон ӯ барангехтааст, раиси Кумитаи фарҳангии Федератсиюни Дзюдои Эрон таъйин кардаанд.
Дар баёнияи ин федератсиюн дар рӯзи 27-уми декабр омадааст, Ҳасан Курдмеҳан ҳамчунин ба ҳайси мушовири раиси созмон фаъолият хоҳад кард. Матбуоти Эрон ин рӯҳониро шахсе медонанд, ки дар паси юриш ба намояндагии дипломатии Арабистони Саудӣ дар моҳи январи он сол меистад.
Дар он сол тазоҳургарони эронӣ ба нишони эътироз аз қатли рӯҳонии маъруфи шиамазҳаб Ним ал-Нимр ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудӣ дар Теҳрону Машҳад ҳамла бурда, онҳоро зеру забар карданд. Ним ал-Нимр мақомоти Арабистони Саудиро барои рафторашон бо ақаллиятҳои шиамазҳаб танқид мекард ва ба ҳукми қатл маҳкум шуд.
Ҳасан Курдмеҳан баъди ин ҳамлаҳо боздошт ва дар Додгоҳи Вижаи Рӯҳониён паси дарҳои баста муҳокима шуд. Ин додгоҳ рӯҳониёни муттаҳам ба хатокориро муҳокима мекунад. Маълум нест, ӯро чӣ гуна ҷазо ё танбеҳ додаанд, вале ба навиштаи расонаҳои Эрон Курдмеҳан баъди бозгашт аз Сурия дастгир шуд, ки Эрон дар ҷанги дохилии онҷо ба нерӯҳои раиси ҷумҳур Башшор Асад кумак мекунад.
Курдмеҳан даст доштан дар ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Арабистони Саудиро рад кардааст. Ӯ дар миёни 100 нафаре буд, ки баъди ҳамлаҳо дастгир шуданд. Дар умум 21 нафарро муҳокима карданд. Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ 3 нафар аз 3 то ба 6-моҳӣ ба зиндон маҳкум шуданд, бақияро бегуноҳ эълон кардаанд.
Баъди ин ҳамлаҳо Арабистони Саудӣ муносибатҳои дипломатӣ бо Эронро бурид. Ҳукумати Теҳрон ҳамлаҳоро маҳкум кард, вале бо вуҷуди ин таниш байни ду рақиб дар минтақа моҳҳои ахир зиёдтар шудааст.
Эронро соли гузашта барои он аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалии дзюдо маҳрум карданд, ки нахост, варзишгаронаш бо рақибонашон аз Исроил нерӯ озмоянд. Ҷумҳурии Исломӣ Исроилро ба расмият намешиносад ва аз ин рӯ тимҳои миллии он аз рақобат бо исроилиҳо худдорӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.