расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ИМА ду консулгарии худро дар Русия мебандад

. / Ҷаҳон

ИМА ду консулгарии худро дар Русия мебандад

Парчами Амрико дар бинои консулгарии ИМА дар Владивосток

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дод, ки фаъолияти ду консулгарии худро дар Русия қатъ мекунад.
Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 19-уми декабр тасдиқ кард, ки консулгариҳо дар ду шаҳри бузурги Русия, мисли Екатеринбург ва Владивостокро мебандад. Ин охирин консулгариҳои Амрико дар Русия ҳастанд, ки шаҳрвандон барои гирифтани виза барои сафар ба ИМА ба онҳо муроҷиат мекунанд.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА бо Ҷон Суливан, сафири Амрико дар Русия дар ин мавзуъ суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки ба хотири тадбирҳои амниятӣ бастани консулгариҳоро дар нақша гирифтаанд.
Баҳси бастани консулгариҳо соли 2017 пас аз қазияи марбут ба Скрипалҳо сар зад.
ИМА бо эътироз ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси рус, ки дар Бритониё паноҳ бурда буд, консулгарии Русия дар шаҳри Сиэттлро баст. Русия дар посух ба ин консулгарии ИМА дар Санкт-Петербургро баст ва сафари дипломатҳои амрикоиро мушкил кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.