расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Заҳрҳо ва гуфтугӯҳои телефонӣ. Робитаи олимон бо хадамоти ҷосусии Русия

. / Ҷаҳон

Заҳрҳо ва гуфтугӯҳои телефонӣ. Робитаи олимон бо хадамоти ҷосусии Русия

Бино ба рӯйхати зангҳои телефонӣ, ки ахиран ба даст омад, соли 2018 ва чанд ҳафта пеш аз заҳролудшавии ҷосуси собиқ, Сергей Скрипал, намояндагони Хадамоти иктишофии Русия бо роҳбари як Пажӯҳишгоҳ дар иртиботи наздик будаанд. Ин пажӯҳишгоҳ кори олимони соҳаи кимиё ва нанотехнологияро ҳамоҳанг мекунад.
Дар айни ҳол сабти ихтироъ ва мақолаҳои гуруҳи олимон нишон дод, ки онҳо солҳои дароз барои таҳияи усулҳои нави фиристодани дору ва маводи мухаддир ба бадани инсон кори илмӣ кардаанд. Ин бозёфтҳо натиҷаи таҳқиқи бахши русии Радиои Озодӣ, Bellingcat, Der Spiegel ва The Insider мебошанд, ки пурсишҳои зиёдро дар кишварҳои ғарбӣ ба вуҷуд овардаанд. Аз ҷумла, оё Русия созишномаи манъи силоҳи кимиёвии соли 1992-ро вайрон мекунад ё не? Оё Кремл бо силоҳи кимиёвӣ ва заҳрҳо мухолифини худро ҳадаф гирифтааст?
Ба гуфти коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони Созмони манъи силоҳи кимиёӣ (OPCW) ва олимони Бритониёву Олмон ҳангоми заҳролудкунии Скрипал ва духтараш дар соли 2018 моддае истифода шудааст, ки дар даврони Шӯравии собиқ сохтаанд. Он бо номи "Новичок" машҳур аст.
Нусхаи нави "Новичок" чун моддае муайян карда шуд, ки Алексей Навалний, муборизи зидди фасод ва аз мухолифони сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро қариб куштааст. Ӯро моҳи августи имсол ҳангоми бозгашт аз Сибир ба Маскав заҳролуд карданд.
Русия борҳо доштан ё сохтани силоҳи кимиёвиро рад мекунад ва мегӯяд, бо аз байн бурдани захираҳои зиёди маводи кимиёвии зидди асаб, гази хардал ва амсоли он Созишномаи соли 1992–ро риоя кардааст. Моҳи октябри соли 2017, дар як маросими телевизионӣ, ки онро Путин сарварӣ кардааст, гуфта шуд, захираи охирини он гуна маводи кимиёвии кишварро нобуд карданд. Натиҷаи тафтишот, баръакс, далелҳои иловагиро зидди ин иддао пеш меоварад.

ҲАМЛАҲО БО "НОВИЧОК"

Рӯзи 4-уми марти соли 2018 Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар шаҳрчаи Солсберии Инглистон шадидан бемор шуданд. Ӯро дувоздаҳ сол пеш барои ба хадамоти ҷосусии Бритониё додани маълумоти махфӣ дар Русия маҳкум карданд, вале соли 2010 дар як маъракаи табдили ҷосусон ба Ғарб фиристоданд.
Пас аз чанде олимони Бритониё дар заҳре, ки бо он Скрипалҳоро бемор карда буданд, маводи "Новичок"-ро шинохтанд. Як зани бритониёӣ ҳам тасодуфан бо ин заҳр олуда шуд ва ҷон дод.
Ҷое, ки Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар маркази Солсберии Бритониё дар моҳи марти соли 2018 нишаста буданд
Ҷое, ки Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар маркази Солсберии Бритониё дар моҳи марти соли 2018 нишаста буданд

Маводи "Новичок" бори аввал дар охири солҳои 70-ум таҳия шуд. То фурӯпошии Шӯравӣ аз чашми ҷаҳониён пинҳон нигоҳ дошта мешуд ва то замоне ки Вил Мирзаянов, яке аз олимоне, ки дар таҳияи он ширкат варзидааст, ба ҷаҳон ошкор насохт.
Дар вақти заҳролуд кардани Скрипал дар феҳристи Аҳдномаи манъи силоҳи кимиёвӣ номи "Новичок" ба таври рӯшан сабт нашуда буд. Пеш аз ҳама барои он ки вуҷуд доштани ин мавод маълум набуд ва инчунин мутахассисон кафолати Русияро барои риояи Аҳднома қабул карда буданд. "Новичок" моҳи ноябри соли 2019 ба феҳристи таҳриршудаи моддаҳои ғайриқонунӣ дохил гардид.
Заҳролудкунии Скрипал мардуми Бритониё ва аксарияти ҷаҳонро ошуфта кард. Мақомоти Бритониё ба хулосае омаданд, ки бо назардошти душворӣ ва ҳам макони истеҳсоли ин мавод, тасмими истифода шудани он дар Инглистон аз тарафи мақомоти баландпояи Русия ё шояд худи Путин дастгирӣ ёфтааст.
Дар пайи ин ҳаводис, ба сифати ҷазо додани Маскав Бритониё ва ҳампаймонҳои он даҳҳо дипломати русро аз кишварҳои худ ихроҷ карданд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи қонуни соли 1991, ки ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ вобастагӣ дорад, ба зидди Русия таҳримҳои нави иқтисодӣ ҷорӣ кард.
Русия ин иттиҳомҳоро ба такрор рад кард. Пас аз чанде ду марди рус, ки мақомоти Бритониё онҳоро дар заҳролудкунии Скрипал айбдор карданд, дар як мусоҳибаи шубҳабарангез бо телевизиони давлатии Русия (RT) иштирок карданд. Дар он мусоҳиба онҳо худро ҳамчун тоҷирони маводи ғизоӣ, ки ба Солсбери ба сифати сайёҳ сафар кардаанд, муаррифӣ карданд.
Дар айни ҳол, Bellingcat ва рӯзноманигорону муҳаққиқони дигар далелҳои равобити гумонбаронро бо воҳид ё қисми «29155» кашф карданд. Ин воҳид тими махфие дар дохили Хадамоти ҷосусии Русия будааст, ки бо номи ГРУ машҳур аст. Инчунин рабт доштани воҳиди «29155» ба дигар сӯиқасдҳо ва фаъолиятҳои вайронгарона дар хориҷа, ки чанд сол пеш аз заҳролудшавии Скрипал ба вуқуъ пайвастанд, ошкор гардид.
Сипас, моҳи августи соли 2020, Алексей Навалний, ки аз шаҳри Томск ба Маскав парвоз дошт, дар ҳавопаймо сахт бемор шуд. Ӯро дар шифохона бистарӣ карданд ва пас аз фишори чандрӯза аз ҷониби аъзои хонавода ва тарафдоронаш ба Берлин интиқол доданд. Донишмандони Олмон эълон карданд, ки иллати бемории Навалний маводи кимиёие марбут ба "Новичок" будааст ва каме дертар ин гумонро Созмони манъи силоҳи кимиёӣ (OPCW) тасдиқ кард.
Дар мусоҳиба бо Der Spiegel, ки рӯзи 1-уми октябри имсол нашр шуд, Навалний изҳор дошт, ки дар пушти заҳролуд кардани ӯ худи Путин истодааст.
Сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний ва аъзои оилаи ӯ дар беморхонаи Шарите (Charite) дар шаҳри Берлин. 15-уми сентябри соли 2020. Аз Instagram
Сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний ва аъзои оилаи ӯ дар беморхонаи Шарите (Charite) дар шаҳри Берлин. 15-уми сентябри соли 2020. Аз Instagram

ГРУ ЗАНГ МЕЗАНАД

27-уми феврали соли 2018, панҷ рӯз пеш аз бемор шудани Скрипал, кимиёдони рус – Сергей Чепур – бо сафари корӣ аз Санкт-Петербург ба Маскав рафтааст. Мувофиқи феҳристи зангҳои телефонӣ, ки Bellingcat ба даст овард ва онро бахши русии Радиои Озодӣ ҳам таҳлил кард, ҳангоми сафари худ Чепур бо чанд афсари ГРУ иртибот дошта, вақти худро дар қароргоҳи Оҷонси ҷосусии низомӣ дар Хорошевское Шоссе 76В, дар шимолу ғарби Маскав, гузарондааст.
Вай он рӯз ҳадди ақал бо як муҳаққиқе аз муассисаи таҳқиқотии федеролии Маскав, ба номи Маркази Илмии Сигнал мулоқот кардааст. Маркази Сигнал (Пажӯҳишгоҳи 33–юм) соли 2010 бо фармони Путин, ки он замон сарвазир буд, таъсис дода шуд.
Сергей Чепур. Акс аз Bellingcat
Сергей Чепур. Акс аз Bellingcat

Пажӯҳишгоҳ дар маркази вилояти Саратов ҷой дорад ва муддатҳо барои озмоиши силоҳи кимиёвӣ машҳур буд. Моҳи августи соли 2020 ҳукумати Амрико ин пажӯҳишгоҳро ба рӯйхати сиёҳ дохил кард. Иёлоти Муттаҳида иддао дорад, «пажӯҳишгоҳи 33–юм бо барномаи кимиёвии Русия ва силсилаи озмоишҳои силоҳи кимиёвӣ алоқаманд аст.»
Сабти феҳристи зангҳои телефонӣ нишон медиҳанд, ки пас аз баромадан аз қароргоҳи ГРУ, 27–уми феврали соли 2018, Чепур ба як муассисаи дигари низомӣ дар Маскав, ки Маркази Илмии Низомии 27-ум ном дорад, рафтааст.
Ҳамчунин, тибқи сабтҳои номбаршуда, ҳангоми боздиди Чепур аз Маркази 27-ум, дар он ҷо мутахассиси органофосфат Виктор Таранченко ҳузур доштааст. Органофосфатҳо як бахше аз маводи кимиёвӣ мебошанд, ки дар баъзе доруҳо мавҷуданд, аммо онҳо инчунин дар силоҳи кимиёвӣ истифода бурда мешаванд.
Дар моҳҳои пеш аз сафар ба Маскав, Чепур на танҳо бо олимони Маркази Сигнал, балки бо афсарони баландпояи ГРУ низ борҳо мулоқот доштааст. Бино ба феҳристи зангҳои телефонӣ, дар байни шахсоне, ки бо Чепур тамос гирифтаанд, генерал-майор Андрей Аверянов, фармондеҳи қисми 29155 ҳам будааст. Сабтҳо нишон медиҳанд, ки Чепур аз моҳи майи соли 2017 то сентябри соли 2019 ба Аверянов ҳадди ақал 65 бор занг зада ва паёми хаттӣ фиристодааст.
Радиои Озодӣ ва Bellingcat дар гузориши худ дар моҳи октябри соли 2019 ошкор карданд, ки яке аз гумонбарон ба заҳролудкунии Скрипал – Анатолий Чепига ду сол қабл дар тӯйи духтари Аверянов ширкат доштааст.
Ҳам Аверянов ва ҳам Чепига, ки ахирӣ бо номи Руслан Боширов ҳангоми заҳролудшавии Скрипал дар Бритониё ҳузур дошт, дар аксҳои тӯйи соли 2017 намоёнанд.
Ҳам Аверянов ва ҳам Чепига, ки ахирӣ бо номи Руслан Боширов ҳангоми заҳролудшавии Скрипал дар Бритониё ҳузур дошт, дар аксҳои тӯйи соли 2017 намоёнанд.

Марди дигаре, ки мақомоти Бритониё ӯро ошкору муаррифӣ кардаанд, афсари ГРУ Александр Мишкин (маъруф ба Александр Петров) буд, ки Чепур дар арафаи заҳролудшавии Скрипал борҳо ба ӯ занг задааст.
Чепур инчунин бо афсари сеюми ГРУ, Денис Сергеев, ки соли 2018 ба Инглистон сафар кардааст ва афсари дигари қисми 29155 Александр Ковалчук гуфтугӯ доштааст. Тибқи сабтҳои пешинае, ки Bellingcat ба даст оварда буд, ошкор шуд, Александр Ковалчук маълумоти тиббӣ дорад, вале ба Инглистон сафар накардааст.
Анатолий Чепига (аз чап) ва Александр Мишкин моҳи сентябри соли 2018 дар телевизиони давлатии Русия (RT) ҳозир шуданд
Анатолий Чепига (аз чап) ва Александр Мишкин моҳи сентябри соли 2018 дар телевизиони давлатии Русия (RT) ҳозир шуданд

Тибқи феҳристи зангҳои телефонӣ, Чепур бо Мишкин бори аввал 30-юми декабри соли 2017, се моҳ қабл аз заҳролуд шудани Скрипал, тамос гирифтааст. Баъд Чепур бо Мишкин ва Аверянов дар рӯзҳои 13-14 ва 17-18-уми январи соли 2018 чанд суҳбати дигар гузаронидааст. Чепур бо Сергеев рӯзҳои 2 ва 3-юми феврал тамос гирифта, 12-уми феврал бо Мишкин, Ковалчук ва Сергеев дар тамос будааст.
Рӯзи 23-юми феврал дар Русия иди давлатӣ аст ва Чепур бо афсарони ГРУ ва инчунин табибон ва олимон, аз ҷумла Вадим Башарин, ки Bellingcat ва The Insider ҳамчун токсикологи Вазорати мудофиа муаррифӣ кардаанд, даҳҳо зангҳои телефонӣ ва паёмакҳо доштааст.
Сабти зангҳои телефонӣ инчунин нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои пеш аз заҳролудкунии Скрипал ва баъд аз он Чепур бо ду олими барҷастаи як муассисаи дигаре иртибот доштааст, ки он ҳам дар вилояти Саратов ҷой дорад. Он Пажӯҳишгоҳи Марказии Таҷрибавии Таҳқиқоти Илмии 33-юми Вазорати мудофиаи Русия аст.

ИХТИРОЪ ВА НАНОТЕХНОЛОГИЯ

Дар китобе, ки Вазорати мудофиаи Русия ду сол пеш нашр кард, кимиёшинос Артур Жиров аз соли 2004 то 2010 роҳбарии Пажӯҳишгоҳи 27-уми марказии таҳқиқотиро ба ӯҳда доштааст. Дар он китоб ин муассисаи илмиро ҳамчун сохтори асосии Вазорати дифоъ дар масоили марбут ба амнияти ҳукумат "дар бахшҳои низомию–кимиёӣ ва низомиву–биологӣ" тавсиф кардаанд.
Соли 2010 Пажӯҳишгоҳ ба Институти 33-юми маркази таҷрибавию таҳқиқоти илмӣ дохил карда шуд, ки дар озмоишҳои силоҳи кимиёвӣ дар деҳаи Шихании вилояти Саратов машғул буд. Маҳз раис ва муовини раиси ин Пажӯҳишгоҳ буд, ки Чепур каме қабл аз заҳролудкунии Скрипал ва пас аз он ба онҳо занг задааст.
Шиханӣ инчунин макони бахши пажуҳишгоҳи дигари махфӣ бо номи ГосНИИОХТ буд. Ба гуфтаи Мирзаянов, кимиёшиносе, ки бори аввал дар соли 1992 дар бораи ин барномаи махфӣ ошкоро гуфта буд, "Новичок" бори аввал маҳз дар ҳамин бахш, дар солҳои 70-ум таҳия шуда будааст.
Иттиҳоди Аврупо дар посух ба заҳролудкунии Навалний алайҳи ГосНИИОХТ таҳрим ҷорӣ кард.
Тахминан ҳамон замоне ки пажӯҳишгоҳи Артур Жиров ба ҷойи нав кӯчидааст, ӯ раёсати Маркази илмии Сигналро ба ӯҳда гирифт. Сарчашмаҳои кушода нишон медиҳанд, ки Жиров ва ҳамкорони ӯ дар Маркази Сигнал оид ба моддаҳое, ки ба системаи марказии асаб таъсир мекунанд ва инчунин оид ба роҳҳои беҳтари ба бадани инсон ворид кардани ин моддаҳо таҳқиқоти густурда анҷом додаанд.
Дар ин таҳқоқот Чепур ҳам, ки олими муқими Санкт-Петербург буду бо афсарони ГРУ ва яке аз заҳролудкунандагони Скрипал робитаи наздик дошт, ширкат варзидааст.
Масалан, соли 2010, Чепур ва якчанд ҳамкоронаш патентеро (сабти ихтироъ) оид ба "таркиби фарматсевтӣ ва усули маъмурияти он ба шуш" сабт кардаанд. Дар он патент гуфта мешавад, ки ихтироот "барои ба бадани инсон ворид кардани маводи фаъоли фармоколоҷӣ тавассути роҳи нафас пешбинӣ шудааст."
Он ҳамчун хока тавсиф мешавад, ки аз зарраҳои хурд иборат аст ва аз ҷумла, ба "системаи марказии асаб, равандҳои нейротрансмиттерии канорӣ ва системаи дилу рагҳо" таъсир мерасонад.
Дар айни ҳол, Жиров ва ҳамкорони ӯ дар солҳои 2007 ва 2008 дархостҳои сабти ихтироъро карданд, ки тавсифи он чунин будааст: истифодаи зарраҳои андозаи нано барои интиқоли маводи мухаддир ва гузариш аз монеаи мағзу хун. Ахирӣ монеаи физиологиест, ки системҳои марказии асаб ва гардиши хуни баданро аз ҳам ҷудо мекунад.
"Ихтирооти мазкур усули тавлиди системаи мушаххаси интиқоли дору ба ҳуҷайраҳои майнаи сар аст", – гуфта мешавад дар эзоҳи патенти соли 2007. "Дар натиҷаи истифодаи ихтирооти пешниҳодшуда, имконпазир аст, ки системаи мукаммали интиқоли доруҳо ба ҳуҷайраҳои системаи марказии асаб ба даст оварда шавад."
"Пешрафти нанотехнология метавонад ба тағйир додани хусусиятҳои физикии маводи кимиёвӣ оварда расонад ва дар ҷанг ҳамчун силоҳи кимиёвӣ истифода шавад", – гуфт Дан Касзета, коршиноси амрикоии силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ, ки муқими Лондон аст. Вай афзуд, "эҳтимол роҳҳои зиёде мавҷуд бошанд, ки нанотехнология метавонад маводи мушаххаси кимиёвиро бештар хатарзо ва дар муҳити атроф устувортар кунад ва ё кашфи он душвортар шавад."
Маҷмаае, ки Маркази илмии Сигнал ҷойгир аст. Аз Insider
Маҷмаае, ки Маркази илмии Сигнал ҷойгир аст. Аз Insider

Баррасии феҳристи зангҳои телефонӣ, ки Bellingcat ва бахши русии Радиои Озодӣ ба даст овардаанд, нишон медиҳанд, Артур Жиров яке аз чаҳор муҳаққиқони Маркази илмии Сигнал буд, ки Чепур моҳи январи соли 2018, тахминан ду моҳ қабл аз заҳролудкунии Скрипал тамос гирифта будааст. Ду нафар ҳадди ақал дар чор рӯз бо якдигар муошират кардаанд.
Сабти феҳристи зангҳои телефонӣ нишон медиҳанд, ки дар яке аз он рӯзҳо - 18 январи соли 2018 - Чепур бо Мишкин, ки ӯ ҳам гумонбар ба заҳролудкунии Скрипал аст, дар тамос буд.
Номи ду нафари дигар, ки ҳамчунин ба Маркази Сигнал интиқол шуда буданд, ошкор шудааст. Яке аз онҳо Таранченко аст. Шахсе, ки Чепур ҳангоми сафараш ба Маскав рӯзи 27-уми феврали соли 2018 ба ӯ занг зада буд. Дигаре Андрей Антохин, муовини раиси Маркази илмии Сигнал.
Таранченко ва Антохин оид ба ингибиторҳои холинестераза, ки дар якчанд мавод ва инчунин дар баъзе пеститсидҳо ва ҳам дар таркиби маводи кимиёвие, ба монанди Новичок мавҷуданд, таҳқиқот гузаронидаанд. Олимони Олмон дар бозёфтҳои худ дар бораи заҳролудшавии Навалний, ба ин гуна ингибиторҳои холинэстераза ишора кардаанд.
Сабти феҳристи зангҳои телефонӣ, ки Bellingcat ба даст овардааст, занги Антохин ва Чепурро рузи 21-уми январи соли 2018 нишон медиҳад.
Маркази илмии Сигнал расман ҷузъи Хадамоти Федералии Назорати Фаннӣ ва Содироти Русия мебошад, ки масъули назорат аз болои маводи ҳастаӣ, фанновариҳо, баъзе маводи кимиёвӣ ва молҳои дигари ҳассосест, ки марзҳои Русияро мегузаранд.
Маркази Сигнал инчунин дорои як вебсайти нимасохта мебошад, ки дар платформаи озод ҷойгир шудааст ва дар он намудҳои маводе, ки назорати аз болои содироти он гузаронида мешавад, номбар шудаанд. Ин феҳрист ферментҳо, гази ашковар, растаниҳои зинда ва баъзе маводи биологиро дар бар мегирад.
"ФАРҲАНГИ БАДАН"
Аҷиб он аст, ки Маркази Сигнал дар содироти иловаҳои ғизоӣ низ даст доштааст: чизе, ки Чепига ва Мишкин даъво доштанд, бо тиҷорати он машғуланд. "Хулоса, ин соҳаи фитнес аст, ки ғизои варзиширо дар бар мегирад: витаминҳо, микроэлементҳо, сафедаҳо, гейнерҳо ва ғайра", - гуфта буд Мишкин ба сардабири шабакаи байналмилалии РТ, ки аз ҷониби давлати Русия маблағгузорӣ мешавад.
Мусоҳиба бо ду гумонбари заҳролудкунии Скрипал таҳти танқиди васеи ҷомеа афтода буд, аз ҷумла, иддаояшон, ки онҳо дар замони заҳролудшавии Скрипал ба Солсбери барои дидани соати калисои "машҳур"-и шаҳр рафта буданд.
Аммо дарвоқеъ, олимони Маркази Сигнал - аз ҷумла раиси он Жиров - патентҳои зиёде оид ба иловаҳои ғизоӣ доранд. Ба феҳристи он хокае барои нӯшобаи варзишӣ бо номи Силавит дохил мешавад, ки сабти ихтирои онро ҳамкорони Жиров -- Таранченко ва Антохин доштаанд.
Пойгоҳи фарматсевтии Русия беш аз даҳ маҳсулоти варзишӣ-ғизоиро дар зери бренди Маркази Сигнал "Kultura Tela" ("Фарҳанги бадан") дар бар мегирад. Бахши русии Радиои Озодӣ натавонистааст ягон маводе аз ин маҳсулотро дар фурӯш пайдо кунад, ба истиснои нӯшобаи варзишии Силавит.
Истеҳсолкунандаи он нӯшокии варзишӣ маркази тадқиқотиест, ки дар вилояти шимолии Ленинград ҷойгир аст ва он бо истеҳсоли силоҳи кимиёвӣ робитаи мустақим дорад: Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гигиена, патологияи касбӣ ва экологияи инсон. Дар сомонаи ин Пажуҳишгоҳ гуфта мешавад, ки аз соли 1996 инҷониб аксарияти таҳқиқоти он бо барномаҳои федералӣ оид ба нобудсозии силоҳи кимиёвӣ, инчунин "амнияти кимиёвӣ ва биологӣ" дар Русия иртибот доранд.
Бахши русии Радиои Озодӣ ва шарикони он дар таҳқиқи муштаракашон кӯшиш карданд аз Маркази Сигнал, Маркази 27-уми илмӣ ва Пажӯҳишгоҳи Давлатии Пизишкии Низомии Санкт-Петербург шарҳ гиранд, аммо ба саволҳояшон оид ба таҳқиқоти ин марказу пажуҳишгоҳҳо ё робитаҳояшон бо Вазорати мудофиа ё мақомоти хадамоти ҷосусӣ посух нагирифтанд.
Фармондеҳи қисми 29155 Аверянов ба занги телефон ҷавоб надод. Ҳангоми занг задани хабарнигорон телефонҳои мобилии Мишкин, ки гумонбар ба заҳролудкунии Скрипал аст, хомӯш карда шуда буд.
Хабарнигорон тавассути рақамҳои мобилии дар сабти феҳристи зангҳои телефонӣ, ки Bellingcat ба даст овардааст, ба Жиров, раиси Маркази Сигнал ва Чепур, раиси Пажуҳишгоҳи Санкт-Петербург занг заданд. Жиров саволи хабарнигорро дар бораи он ки оё ӯ дар таҳияи моддаҳои заҳрнок ширкат варзидааст ва бо ГРУ ва Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ҳамкорӣ кардааст, гӯш дод, вале бидуни посух гӯширо гузошт.
Чепур, ки дар дафтари телефонаш зангҳо бо Мишкин, Аверянов ва дигар кормандони ГРУ каме пеш аз заҳролудшавии Скрипал ошкор шуда буданд, робита бо ин ашхосро рад кард. "Шумо метавонед дафтари суроғаҳои маро тафтиш кунед ва бубинед, ки онҷо ягон Мишкин нест", - гуфт Чепур.
7-уми октябр, пас аз он ки намояндагони Созмони манъи силоҳи кимиёӣ (OPCW) даъвои худро дар бораи истифодаи Новичок дар заҳролудкунии Навалний эълом доштанд, сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ба саволҳои хабарнигорон дар бораи он ки оё Русия силоҳи кимиёвӣ таҳия мекунад, посух дод. Песков гуфт: "Федератсияи Русия тамоми ӯҳдадориҳои худро дар доираи ин Созишнома иҷро кардааст ва аз ин рӯ, ин аз имкон берун аст".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.