Дасткорӣ| Хамираи дандоншӯӣ дар ду дақиқа коронавирусро нобуд мекунад
Аслан мувофиқи таҳқиқи олимон баъзе хамираҳои дандоншӯӣ метавонанд муваққатан миқдори вируси SARS-CoV-2 - ро дар даҳон коҳиш диҳанд.
Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ матн ва видеое бо забони тоҷикӣ паҳн мешавад, ки дар бораи “хамираи дандоншӯӣ зидди коронавирус” нақл мекунад. Сарлавҳаи навор чунин аст: “Срочно тамошо кунед!Хамираи дандоншӯӣ зидди каронавирус. Ба харидани зубной паста шитобед!”
Дар зерматни кутоҳи видео гуфта мешавад, ки сарчашмаи хабар sputnik-tj аст.
Ҳукмнома: Дасткорӣ
“Се нуқта” бо дарёфти матни аслӣ маълум кард, ки аслан чунин тадқиқоте вуҷуд дорад, аммо дар маводи “Спутник Тоҷикистон” ва ютуб-канали “SAMIMONA TV” ба дасткорӣ роҳ дода шудааст. Яъне гап сари кам кардани вирус дар ковокии даҳон меравад, на табобати пурраи коронавирус.
Иқтибос:
“Олимони амрикоӣ дар ҷараёни таҳқиқоти лабораторӣ роҳи нест кардани коронавирусро дар зарфи ду дақиқа 99,9 фоиз кашф карданд
Муҳаққиқони амрикоӣ муайян карданд, ки хамираҳои дандоншӯӣ бо руҳ ва қалъагӣ қодиранд давоми ду дақиқа коронавирусро 99,9% безарар гардонанд.
Натиҷаҳои озмоишҳои лабораторӣ дар British Dental Journal нашр шудаанд.
Дар саросари ҷаҳон дар як шабонарӯз беш 233 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд
Илова бар таъсири ошкоршудаи хамираи дандоншӯӣ, тахминҳое, ки дар ҷараёни як таҳқиқоти дигар ба даст омадаанд, тасдиқ шуданд, ки шустани даҳон бо хлориди сетилпиридиний вирусро низ дар ним дақиқа безарар мегардонад.
"Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хамираҳои дандоншӯӣ ва шустани даҳонҳо метавонанд муваққатан миқдори вируси SARS-CoV-2 - ро дар даҳон коҳиш диҳанд", - изҳор доштанд олимон.
Дар пурсишҳо 260 нафар беморон бо ташхиси тасдиқшудаи коронавирус ширкат варзиданд. Ҳамаи онҳо аз хамираи дандоншӯӣ ва шустани даҳон истифода мекарданд”.
Чӣ гуна санҷида шуд?
“Тадқиқотҳои лабораторӣ нишон медиҳанд, ки хамираҳои дандоншӯӣ дорои руҳ ё қалъагӣ ва маҳлулҳои даҳоншӯии дорои цетилпиридиний (CPC) вирусеро, ки боиси бемории COVID-19 мегардад, 99,9% безарар мегардонанд.
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хамираҳои дандоншӯӣ ва маҳлулҳо барои шустани даҳон метавонанд дар пешгирии паҳншавии вируси SARS-CoV-2, ки барангезандаи COVID-19 (коронавирус) аст, бо роҳи муваққатан кам кардани миқдори вирус дар даҳон, кумак кунанд.
Тибқи иттилои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, вирус тавассути қатраҳои нафаскашӣ ё заррачаҳои хурд паҳн мешавад, ки ҳангоми сулфа, атса задан, сурудан, гуфтугӯ ё нафаскашии шахси сироятёфта ба вуҷуд меоянд”, - гуфта мешавад дар маводи аслӣ.
Яъне ин маводҳо вирусҳоро танҳо дар ковокии даҳон безерар мегардонанд ва роҳи муолиҷа ё нест кардани пурраи вирус аз организми одам нест.