расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ба фаъоли қазоқ гуфтаанд, дар сурати даст кашидан аз сиёсат пеш аз муҳлат озод мешавад

. / Ҷаҳон

Ба фаъоли қазоқ гуфтаанд, дар сурати даст кашидан аз сиёсат пеш аз муҳлат озод мешавад

Макс Боқаев, ҳомии ҳуқуқ.

Ҳомии ҳуқуқ аз шаҳри Алмато ва раиси созмони ҷамъияти "Ар.Рух.Хак" Бахитжан Торегожин 7 декабр бо фаъоли мадании зиндонӣ Макс Боқаев дар маҳбаси Атирауи Қазоқистон мулоқот кард.
Ба гуфтаи Торегожин, Боқаев гуфтааст, намояндагони мақомоти Қазоқистон борҳо ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки дар ивази даст кашидан аз фаъолиятҳои сиёсӣ пеш аз муҳлат озод хоҳад шуд. Вале Боқаев ин пешниҳодро рад кардааст.
"Онҳо худро намояндагони маъмурияти президент Қазоқистон муаррифӣ карда, гуфтанд, ки мо туро зуд, ҳатто бе навиштани ариза озод мекунем ва ту танҳо бо мушкилиҳои зистмуҳитӣ машғул хоҳӣ шуд. Шахсеро мегузорем, ки тамоми фаъолиятҳоятро назорат хоҳад кард", - гуфтааст Боқаев ба раиси созмони ҷамъиятии "Ар.Рух.Хак".
Макс Боқаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Маҳкумшуда ин айбҳоро рад мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи вайро сиёсӣ меноманд. Муҳлати ҷазои ӯ моҳи ферали соли 2021 ба поён мерасад, вале Боқаев аз дархости озодии пеш аз муҳлаташ худдорӣ кард.
Боқаевро соли 2018 аз зиндони влояти Қазоқистони Шимолӣ ба маҳбаси Оқтеппа интиқол дода буданд. Дар пайи дархости батакрори наздиконаш ӯро моҳи сентябри имсол ба маҳбаси Атирау бурданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.