расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Тоҷикистон аз оташбас дар Қарабоғ истиқбол кард

. / Ҷаҳон

Тоҷикистон аз оташбас дар Қарабоғ истиқбол кард

Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора изҳорот нашр кардааст


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз хатми низоъҳо ва оташбас дар Кӯҳистони Қарабоғ истиқбол кардааст.
Дар ин изҳорт аз ҷумла гуфта мешавад: "Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия аз 9 ноябри соли 2020 оид ба оташбаси комил ва қатъи тамоми амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд".
Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ки "мо аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем".
Бояд гуфт, ки 10-уми ноябр Президенти Озорбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никола Пашинян ва Президенти Русия Владимир Путин ба созишномаи хатми ҷанг ва оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ имзо гузоштанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.