расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Трамп гуфт, натиҷаҳои интихоботи одилонаро мепазирад

. / Ҷаҳон

Трамп гуфт, натиҷаҳои интихоботи одилонаро мепазирад


Мунозираи аввали сиёсии ду номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 22-юми сентябр сурат гирифт.

Баъд аз онки мунозираи дуввуми интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва рақибаш Ҷо Байден номзад аз Ҳизби демократ лағв шуд, ҳарду рӯзи 15-уми октябр дар чорабиниҳои алоҳида ба суолҳо ҷавоб доданд.
Интихобот рӯзи 3-юми ноябр баргузор мешавад.
Трамп дар як толоре дар шаҳри Маямӣ дар аёлати Флорида ба суолҳо посух дод ва гуфтугӯ бо Ҷо Байден дар шаҳри Филаделфия дар иёлати Пенсилвания сурат гирифт.
Ҳарду чорабиниро дар телевизион мустақим намоиш доданд.
Суолу ҷавоб бо Ҷо Байден ним соат бештар аз суолу ҷавоб бо Доналд Трамп идома кард, ки тафовути амиқ байни ду номзадро нишон медиҳад.
Аз ҳарду номзад ба такрор дар бораи вокуниши Амрико ба пандемияи коронавирус пурсиданд ва Доналд Трамп пофишорӣ мекард, ки Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо вирус ба пешрафт ноил шудааст. Ӯ ҳамчунин бори аввал гуфт, ки натиҷаҳои интихоботи одилонаро мепазирад, аммо афзуд, мехоҳад, “интихобот самимона бошад ва инро ҳама мехоҳад.”
Ҷо Байден суханрониашро бо интиқоди амалкардҳои Доналд Трамп дар мубориза бо пандемияи коронавирус оғоз кард. Ӯ гуфт, масъулияти президент “раҳнамоӣ” аст, вале Трамп ин корро накардааст.
Байден афзуд, Доналд Трамп бештар ба бозорҳои саҳҳом тамаркуз карда ва густариши вирусро камаҳамият нишон медод. Номзади Ҳизби демократ сиёсати хориҷии Доналд Трампро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ, сабаби танҳо мондани Иёлоти Муттаҳида шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.