расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Боз як сабаби беамалии ККН Данғара номбар шуд: мавҷуд набудани бозори фурӯш

. / Иқтисодиёт

Боз як сабаби беамалии ККН Данғара номбар шуд: мавҷуд набудани бозори фурӯш

Сармоягузорони Чин аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намудаанд, ки ба дарёфти истеъмолгарон ба онҳо мусоидат кунанд.

Сурат: fez.tj
Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз бекор истодани корхонаи бузурги коркарди нафт (ККН) дар қаламрави Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” изҳори норозигӣ намуд.
“Корхонае, ки онро ҳанӯз соли 2018 ба истифода медоданд, то ҳол фаъолият надорад, - гуфт Давлаталӣ Саид рӯзи 30 сентябр дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки онро роҳбарӣ мекунад.
Муовини аввали сарвазир қайд кард, ки барои оғози фаъолияти ин корхона тамоми зербинои зарурӣ муҳайё аст: хати интиқоли барқ, шохаи роҳи оҳан, таъминот бо об ва ғайра.

Ӯ ба сохтор ва шахсони масъул дастур дод, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхона тадбирҳои зарарӣ андешанд. Намояндагони ширкати «TK-oil»-ти Чин, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, зикр карданд, ки сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии корхона пурра ба итмом расида, мушкили асосӣ мавҷуд набудани бозори фурӯши маҳсулот аст.
Сармоягузорони Чин аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намудаанд, ки ба дарёфти истеъмолгарони маҳсулоти нафтии дар корхона истеҳсолмешуда ба онҳо мусоидат кунанд. Дар ҳамин ҳол, онҳо доир ба чиро дар назар дошта шудан зери мафҳуми ”мавҷуд набудани истеъмолгарон” маълумоти саҳеҳ надоданд.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, ба гумони ғолиб ин ҷо сари он сухан меравад, ки маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолмешуда аз маҳсулоти нафтии аз хориҷи кишвар воридмешуда гаронтар аст.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш дар маъмурияти МОИ “Данғара” ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки ба кор даромадани корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави ин минтақа бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хом бо шартҳои қобили қабул ба таъхир меафтад.

Зикр шуда буд, ки айни замон ҷиҳати дастрас намудани ашёи хом бо ширкатҳо аз Эрону Қазоқистон ва Русия гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт, аз ҷониби ширкати Dong Ying heli Investment and Development-и Чин сохта шуд, ки корхонаи фаръии Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) мебошад.
Коршиносони мустақил ҳанӯз замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар изҳори тааҷҷуб мекарданд, зеро ба ақидаи онҳо, ба ин монанд корхонаҳоро кишварҳое месозанд, ки захираи кофии нафту доранд ва он ҳарчӣ ба кон наздик бошад, хубтар аст.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди 80%-и маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ва зиёда аз 90% гази моеъро - аз Қазоқистон ворид мекунад. Маҳсулоти нафтие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, ҳамагӣ наздики 5%-и талаботи кишварро таъмин мекунад.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ 600 ҳазор тонна ва гази моеъ - беш аз 400 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.