расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Ҳукумат ҳудуди 500 млн доллар қарзи “Барқи тоҷик”-ро бахшид

. / Иқтисодиёт

Ҳукумат ҳудуди 500 млн доллар қарзи “Барқи тоҷик”-ро бахшид

Ин маблағ дар тавозуни ширкат ба сифати саҳми ҳукумат боқӣ мемонад.


Қарзҳои ШСХК “Барқи тоҷик”-ро ба маблағи умумии 5 млрд сомонӣ (442 млн доллар) ҳукумати Тоҷикистон аз эътибор соқит донист. Ин маблағ дар тавозуни ширкат ба сифати саҳми ҳукумат боқӣ мемонад.
Сардори департаменти молиявии “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки  ин ҷо сари қарзҳои беруна сухан меравад, ки дар давраҳои гуногун аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика ҷалб шуда буданд.
Ба гуфтаи Маҷидзода, ин маблағҳо дар доираи барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” аз эътибор соқит дониста шудаанд.
Ӯ қайд кард, ки айни замон маблағи қарзи ширкат назди Вазорати молия 22 млрд сомониро ташкил медиҳад.
“Ғайр аз ин, - идома дод ӯ. - қарзҳо ба неругоҳи “Сангтӯда-2” ба маблағи 2,2 млрд сомонӣ ва “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ, инчунин қарзҳо аз ҳисоби таҳвили ангишт барои МБГ “Душанбе-2” ба маблағи 123 млн сомонӣ низ вуҷуд доранд”.
Маҷидзода таъкид дошт, ки ба ҳолати 1 январи соли равон қарзи дебитории “Барқи тоҷик” ба 3,1 млрд сомонӣ баробар аст.
Зимнан илова шуд, ки аз ширкат аз ҳама бештар аҳолӣ (1 млрд 342 млн сомонӣ) ва Ширкати алюминии тоҷик (390 млн сомонӣ) қарздоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.