расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Таъсири рӯйдодҳои Қирғизистон ба содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон

. / Иқтисодиёт

Таъсири рӯйдодҳои Қирғизистон ба содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон

Содиркунандагон хатсайрҳои нав меҷӯянд.

Сурат: east-fruit.com
Рӯйдодҳо дар Қирғизистон, ки аз рӯзи 5 октябр оғоз гардиданд, ба тиҷорат дар соҳаи хариду фурӯши сабзавоту меваи тамоми минтақа таъсири ҷиддӣ расониданд, хабар медиҳанд коршиносони EastFruit аз Осиёи Марказӣ.
Ҳозир мавсими содироти ангуру хурмо, инчунин пиёз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Пештар содирот аз Тоҷикистон ба Русия тариқи Қирғизистон ва Қазоқистон (бо сабаби коронавирус ин хатсайрҳо амал мекарданд, лекин баъди эътирозҳо сарҳади Қирғизистон баста шуд) сурат мегириф, акнун содиркунандагони сабзавоту мева маҷбур шудаанд, ки хатсайрҳои навро, аз ҷумла тариқи Ӯзбекистон пайдо кунанд.
“Аммо ин тиҷоратро душвор мегардонад, зеро дар сарҳад ронандагон бояд аз коронавирус тест супорида, натиҷаҳои онро интизор шаванд, - қайд мекунанд коршиносон. - Ин дар навбати худ арзиши боркашонӣ ва хавфи вайроншавии маҳсулотро дар роҳ хеле зиёд мекунад”.

Дар ин робита, ба ақидаи коршиносон, нархи маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла ангуру хурмо дар Тоҷикистон ба гумон аст, ки боло равад, зеро дар ин ҳолат қсмати зиёди маҳсулот ба бозори дохилӣ ворид мешавад.
“Аз ҷониби дигар, яқинан себ қимат мешавад, зеро Тоҷикистон барои истеъмоли дохилӣ себро аз Қирғизистон мехарад”, - қайд мешавад дар хабар.
Мувофиқи омори расмӣ, нисбат ба 8 моҳи соли 2019 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 34,4% кам шуда, ҳамагӣ 25 млн долларро ташкил додааст.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи каме бештар аз 5,8 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, аз Қирғизистон ба кишвари мо ба маблағи зиёда аз 19,1 млн доллар молу маҳсулот ворид шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.