расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошт гардидани шавҳар барои бо корд захмӣ намудани ҳамсараш

. / Ҳаводис

Боздошт гардидани шавҳар барои бо корд захмӣ намудани ҳамсараш

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 1-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:40-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 29-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • พีจีเกมส์ | Гости

    มาสนุกกับ pgslot797 เป็นเว็บไซต์เกมสล็อตออนไลน์ที่ได้รับความนิยมมากในปัจจุบัน มีการเล่นเกมสล็อตที่มีคุณภาพสูงและเสถียรภาพสูง ให้คุณได้สัมผัสกับสนุกสนานและตื่นเต้นได้อย่างเต็มที่ นอกจากนี้ PG SLOT

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.