Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи тамғаи “Лексус”
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.Номбурда моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-600”, ки арзишаш 15 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки ба ивазаш аз шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зафаршон манзили истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.